Аннотация: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Дар ин замина 30 декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 қабул гардид,ки тибқи қисми 2-и ҳамин Фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаззаф гардид,ки дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро пешниҳод намояд. Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 18 марти соли 2024 таҳти №АП-533 тасдиқ гардидааст, Судӣ Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вазифадор карда шудаанд, ки мунтазами мурофиаҳои сайёри судиро баргузор намоянд. Бо назардошти он, ки яке аз вазифаҳои асосии қонунгузории мурофиавӣ ин таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташакули муносибати эҳтиромона ба қонун буда бо мақсадҳои қабули Фармони болозикр тавъам мебошад, дар мақола натиҷагириҳо аз баргузории мурофиаи судӣ ва риояи принсипҳои қонунгузории мурофиавӣ маълумот дода шуда, вобаста ба он натиҷагирӣ карда шуд.
Калидвожаҳо: маърифати ҳуқуқӣ, мурофиаи судӣ, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, баробарии тарафҳо, мубоҳиса, қонунгузории мурофиаии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҷикон ҳамчун миллати тамадунофар, ки дорои фарҳанги хеле баланд ва таъриху забони қадима ҳастанд, яке аз аввалинҳо шуда баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гаштани ҳокимияти давлатиро дар таҷзия ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ эълон намуданд.
Қабул гардидани Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба тағйирёбии форматсияи ҷамъияти сотсиалистӣ ба демократӣ оварда расонид, ки боиси пайдоиши маърифати нави ҳуқуқӣ гардид. Акнун маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд дар доираи муқаррароти ҳамин Конститутсия шакл гирад. Шаклгирии маърифати ҳуқуқии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал аз омузиш ва шиносоӣ бо ҳуқуқҳои конститутсионӣ оғоз гардида, дар риояи меъёрҳои ҳамин Конститутсия, қабул ва иҷро гардидани қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ, инчунин фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи зинаҳо, ки ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахс равона гардидааст, ҷамъбаст меёбад.Бояд қайд намуд, ки аз натиҷаи раванди ҳолатҳои болозикр дар шахс маърифати ҳуқуқии мусбӣ ва ё танқидӣ ба миён меояд. Аз ин рӯ тамоми муқаррарот ва кафолатҳои конститутсионӣ, ки дар атрофи як меҳвар, инсон-шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон давр мезанад, бояд ба иҷро расонида шаванд.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти “Суд”-и бахшида шуда, мутобиқан моддаҳои 84-92- ро дар бар мегирад.Вале мо аз ин боб танҳо сари чанд меъёр, ки аз назари мо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат карда метавонад, изҳори назар кардани ҳастем.
Аввалан бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 84-уми ҳамин Конститутсия:-“Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад.Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.”
Вобаста ба муҳтавои ин муқаррарот шахс дар марҳилаи шиносоӣ бо мафҳуми “ҳокимияти судӣ” чунин хулосаронӣ мекунад, ки ҳокимияти судӣ, ки дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор амал мекунад, дар фаъолияти худ мустақил буда, ба он шохаҳои дигари ҳокимият таъсир расонида наметавонад ва маҳз суд ҳуқуқ ва озодиҳои уро ҳамчун инсон ва шаҳрванд ҳифз мекунад.Яъне шахс дар худ як нав хулосабарорӣ ва итминон дар бораи ҳифз шуданаш аз ҷониби суд пайдо намуда, ин ҳолат ба характери позитивӣ гирифтани маърифати ҳуқуқии вай мусоидат мекунад.
Дар қисми 4 моддаи болозикри Конститутсия ҳамчунин омадааст, ки:-“…. фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.”
Вобаста ба масъалаи мазкур, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ намудааст, ки:-“ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавасути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд.”
Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи мурофиаҳои судии болозикр, ки онҳо тибқи кодексҳои мурофиавии маданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ мегарданд, вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мурофиа ин равона гардидани мурофиаи судӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташакули муносибати эҳтиромона ба қонун, ҷамъбаст гардидааст. Маҳз ҳамин интизориҳо, ки аз мурофиаи судӣ бояд бар ояд, қисман дар муҳтавои “Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30 декабри соли 2023 таҳти №668 “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 20224” дидан мумкин аст. Аз ҷумла, дар “Тавзеҳот” омадааст, ки:-“Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тағриб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.”
Мувофиқи муқаррароти моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:-“Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.
Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.”
Бояд қайд намуд, ки муқаррароти меъёри мазкур дар кодексҳои мурофиавӣ ҳамчун принсипҳои асосии мурофиаи судӣ айнан ва ё бо тарзи васеъ ва ё дар алоҳидагӣ оварда шудаанд. Масалан, агар дар Кодекси мурофиаи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти аз меъёри болозикр бармеомада бо номи “Татбиқи адолати судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо” омада бошад, дар Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Баробарии тарафҳо” ва “Мубоҳиса” дар меъёрҳои алоҳида ҷой дода шудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки принсипи “баробарии тарафҳо” аз меъёри болозикри конститутсионӣ манша гирифта бо меъёри дигари Конститутсия, яъне моддаи 17-и он:-“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс,забон,эътиқоди динӣ, мавқеи сисёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.” тавъам буда, меъёри баъди ба кафолатҳои конститутсионии додаи давлат мансуб аст.
Муҳтавои муқаррароти конститутсионии “ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд” айнан дар кодексҳои мурофиавии маданӣ ва иқтисодӣ оварда шуда, ҳамчун яке аз принсипҳои асосии мурофиаи судӣ дониста шудаанд. Моҳияти ин принсип аз он иборат аст, ки ҳамаи иштироккунандагони мурофиаи судӣ имконияти баробар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро дошта, суд ба ягон тараф имтиёз намедиҳад ва ҳуқуқи касеро паст намезанад. Барои амали намудани ин принсип дар мурофиаи судӣ, судяро зарур аст, ки баъди муайян намудани шахсияти тарафҳо ва эълони ҳайати суд ба тарафҳо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони иштироккунандаи парвандаро ба пуррагӣ фаҳмонад. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои зерини шахсони иштироккунандаи парванда,ки ба ҳар яки онҳо баробар амал мекунад:- шинос шудан бо маводи парванда ва аз гирифтани иқтибос, нусха бардони намудани ҳуҷҷатҳо, изҳори раддия намудан, пешниҳод намудани далелҳо, иштирок дар таҳқиқи далелҳо, савол додан ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда, пешниҳоди дархостҳо, додани баёнот, ба масъалаҳои дар ҷараёни мурофиаи судӣ ба миён омада изҳор намудани ваҷҳҳои худ, изҳор намудани норозигӣ нисбат ба ваҷҳҳои тарафи дигар, огоҳ будан аз санадҳои судии қабулгашта ва овардани шикоят нисбат ба онҳо.
Фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадорӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда дар мурофиаи судӣ, ки бо тарзи ошкоро мегузарад руҳияи тарафҳоро дар баробар будани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо баланд намуда, боварии онҳоро дар холисӣ ва беғаразии суд зиёд мегардонад.
Принсипи “мубоҳиса” низ меъёри конститутсионӣ буда, маҳз тарафҳо уҳдадоранд дурустии ваҷҳ ва талаботи пешниҳодшударо исбот ва ё рад намоянд.
Аз муҳтавои моддаи 58 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,ки :-“ҳар яке аз тарафҳо уҳдадоранд он ҳолатҳоеро исбот кунанд, ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ҳангоми аз ҷониби тарафи дигар мавриди баҳс қарор гирифтани ин ҳолат ба он истинод намоянд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Тарафе, ки уҳдадориии худро оид ба исбот ягон ҳолат иҷро намекунад оқибати ногувори исбот накардани ин ҳолатҳоро ба зимма мегирад.”
Ҳамин кодекс вобаста ба баррасии парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеояд, ҳамчунин муайян намудааст, ки:-“уҳдадории исбот кардани ҳолатҳои барои қабули санади меъёри ҳуқуқӣ асос гардида, қонуни будани онҳо, инчунин қонунӣ будани қарор, амалӣ(беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, ки мавриди баҳс қарор гирифтаанд, ба зиммаи мақомоти чунин санади меъёриро қабулкарда, инчунин мақомот ва шахсе гузошта мешавад, ки қарори мавриди баҳсро қабул кардаанд ё амали мавриди баҳсро анҷом додаанд( қисми 1 моддаи 253 КММ ҶТ)
Суд зимни баргузории мурофиаи судӣ, ки дар он принсипи мубоҳисаи тарафҳо нақши асосиро дорад ва дар он иҷрои уҳдадориҳои исбот анҷом дода мешаванд, ба мурофиаи суди роҳбарӣ намуда, мустақилият, холисӣ ва беғаразии худро нигоҳ дошта, вобаста ба баҳс қарор қабул мекунад.
Принсипи “ошкоро будани муҳокимаи судӣ” тибқи кодексҳои мурофиавии маданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз меъёри конститутсия “мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст” сарчашма гирифта, дар он риоя шудани принсипҳои баробарии тарафҳо ва бо тарзи мубоҳисавӣ баррасӣ намудани парванда ҷамъбаст мешавад.Муҳокимаи ошкорои судӣ ба қабули қарори адолатнок мусоидат намуда, яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ мебошад.
Талабот вобаста ба принсипи “ошкоро будани муҳокимаи судӣ” дар санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаи 10-и “Эъломияи ҳуқуқи башар” омадааст, ки:-“ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки баробарии комил дошта бошад, аз ҷониби суди мустақил ва беғараз баррасии одилона ва оммавӣ доир ба ҳуқуқ ва вазифаҳои худ ё дар асоси ҳама гуна айбномаи ҷиноятӣ нисбати ӯ қарор қабул кунад.”
Дар меъёри мазкур калимаи “оммавӣ” маънои ошкороро дошта, баробари дигар принсипҳо “баробарӣ”, “суди мустақил ва беғараз” ва “одилона” дар як сатҳ қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамин талабот инчунин дар моддаи 14.1 “Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” дарҷ гардидаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи “ошкоро будани муҳокимаи судӣ” аз меъёри конститутсионӣ сарчашма гирифта, ба ғайр аз қонунгузориҳои мурофиавӣ, инчунин дар барномаҳои давлатӣ ва Қарорҳои Пленуми Судӣ Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ истифода ва тавзеҳ дода шудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ дар баробари гузаронидани мурофиаҳои судӣ дар бинои судҳо, инчунин гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ дар корхонаву ташкилотҳо, ҷамоату шаҳракҳои ҷои зист ва ё ҷойгиршавии шахсони иштироккунандаи парванда, ҷой дорад.
Масалан, дар “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” мақомоти судӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати бештар намудани шумораи мурофиаҳои сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарури андешанд.
Вобаста ба принсипи “ошкоро будани муҳокимаи судӣ” ҳамчун яке аз талаботҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби Суди Олӣ санаи 29 сентябри соли 2014 ва аз тарафи Суди Олии иқтисодӣ санаи 18 октябри соли 2019 Қарори Пленум “Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастраси ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул гардид, ки дар он зарурияти тавзеҳ додани ин принсипи қонунгузории мурофиавӣ ва аз ҷониби судҳо риоя гардидани он, дарҷ гардидааст. Аз ҷумла дар банди 4 Қарори Пленуми Суди Олӣ, “таҳти мафҳуми ошкоро будани муҳокимаи судӣ-ин имконияти ба толори маҷлиси судӣ ворид шудани шахсоне, ки иштирокчии парванда намебошанд, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дар маҷлиси судӣ ҳузур доштани онҳо, таъмини ҳуқуқи онҳо ҷиҳати дар шакли хатти сабт намудани ҷараёни мурофиаи судӣ, инчунин ба навори магнитофон сабт кардани мурофиаи ҷиноятӣ ва истифодаи воситаҳои аудиоӣ дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, танҳо бо иҷозати раисикунанда ва розигии тарафҳо истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизион дар мурофиаҳои гражданӣ,оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, суратгирӣ ва сабти видео дар мурофиаи ҷиноятӣ фаҳмида мешавад.”
Аммо бояд қайд намуд, ки чунин шарҳ додани мафҳуми мазкур ба пуррагӣ талаботи принсипи “ошкоро будани муҳокимаи судӣ”-ро дарбар нагирифта,чунин ба назар мерасад, ки ин тавзеҳот танҳо барои дар маҷлиси судӣ иштирок намудани намояндагони васоити ахбори омма дода шудааст.
Дар баробари ин бояд қайд намуд,ки пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизион аз руи мурофиаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои ҷавонон ва наврасон характери таъсиррасонии тарбиявӣ дошта, дар баробари он мардум аз фаъолияти ҳокимияти судӣ бохабар мешаванд.
Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 таҳти №АП-533 тасдиқ шудааст, ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ташкил ва баргузор намудани мурофиаҳои сайёри судӣ, аз ҷумла дар шакли таълимӣ, вогузор карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иҷроиши Нақшаи мазкур аз ҷониби судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ давоми нимсолаи якуми соли 2024, 268 маҷлисҳои сайёрӣ судӣ ва 4 мурофаҳои таълимӣ гузаронида шудааст.
Гузаронидани мурофиаҳои судӣ, аз ҷумла мурофиаҳои сайёр аз рӯи принсипи “Ошкоро будани муҳокимаи судӣ” аз он ҷиҳат мусбӣ арзёби мегардад, ки дар он ба ғайр аз шахсони иштироккунандагони парванда дигар шахсон, ки ба муносибаҳои баҳснок ва ё парвандаҳои ҷиноятӣ ва ё маъмурии баррасишаванда ягон алоқамандӣ надоранд иштирок намуда, аз риояи қонуният ва адолат аз ҷониби суд зимни қабули қарор баҳо медиҳанд, инчунин барои худ иттилои иловагӣ дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти ҳокимияти судӣ гирифта, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин хатогиҳо, андешаронӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ хулоса карда мешавад, ки ҳангоми ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ:
– тамоми принсипҳои қонунгузориҳои мурофиавӣ, аз ҷумла принсипҳои баробарии тарафҳо ва мубоҳисавии мурофиаи судӣ амалишавии худро пайдо мекунанд,
– санадҳои судии қонунӣ ва асоснок қабул мегарданд,
– шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсоне,ки дар мурофиаи судӣ иштирок мекунад аз натиҷаи баррасии парванда масъулият вобаста ба амалҳои худ ва шахсони ба худ наздикро дар назди қонун пайдо менамоянд,
– бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтору фаъолияти ҳокимияти судӣ шинос шуда, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқиро дарк менамоянд,
– худ ва наздиконашонро дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва таъмини волоияти қонун тарбия менамояд,
– дар худ ва наздиконашон ташакул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқиро ба роҳ мемонанд,
– сатҳи маърифати ҳуқуқии худро баланд менамоянд.
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раис, Аминзода Зокир Тоҳир