- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Конститутсия-ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсоз

Конститутсия ба сифати қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.

Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.

Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Баъди ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолият, бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст. Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик мебошад.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.

“Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”,-гуфтааст Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қиммати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.

Бо шарофати қабули Конститутсия ҷумҳурии моро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурузон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози миллат буда, барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст ва эҳтиром намудани он вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Инак, 6 ноябр Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сола мегардад ва мардуми тоҷик ин рӯзи фархундаро бо камоли ифтихор ва рӯҳияи ватандустӣ қайд менамоянд.

 

Судя Раҷабзода Парвина