Дар таърихи ҳар халқу миллат санаҳои сарнавиштсозе ҳастанд, ки дорои аҳамияти бузург буда, бо мурури айём ва гузашти солҳо арзиши бештар пайдо мекунанд.
Яке аз унсурҳои муҳими ифтихору сарфарозии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барҳақ бояд китоби рӯимизии ҳар фарди бедордилу ватандӯсти мамлакат бошад. Зеро нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии ҳар давлат Конститутсияи он маҳсуб меёбад. Бар асоси назарияи ҳуқуқи конститутсионӣ Конститутсия – шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, эътибору ҷойгоҳ ва қувваи олии ҳуқуқӣ дорад.
Конститутсия дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошта аст.
Аз овоне, ки инсоният ба марҳилаи муайяни рушд расиду зиндагии муташаккилона оғоз намуд, дарк кард, ки ба як нерӯи низомбахш ва раҳнамо эҳтиёҷманд аст. Тадриҷан ифшо гардид, ки чунин нерӯи муҳим маҳз маҷмӯи қонунҳо буда метавонад ва бидуни қонуну қоидаҳои муайян ва риояи қотеонаи онҳо зиндагӣ басо душвор ва саршор аз мухолифат хоҳад буд. Ҳамин тавр, бо амру зарурати рӯзгор ва воқеияти зиндагӣ, аввалин қонунҳо рӯйи кор омаданд ва минбаъд маҷмӯи қонунҳоро созмон доданд.
Қонунгузорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар таърихи халқи тоҷик низ таърихи куҳан дорад. Ниёгони мо дар давлатдории хеш ба як қатор қонунҳои устувор эътимод мебастанд ва дар роҳбарии халоиқи мамлакат онҳоро бар асос мегирифтанд.
Яке аз нахустин поягузорони хуқуқ ва озодиҳои инсон дар таърихи инсоният аҷдодони мо буданд ва мо ифтихор аз он дорем, ки аввалин Эъломияи хуқуқи башар ҳанӯз 2500 сол пеш, аниктараш соли 539 пеш аз милод аз тарафи Куруши Кабир ба оламиён эҳдо гардида буд. Дар Эъломияи Куруши Кабир муҳимтарин принсипхои ҳукуқ ва озодиҳои инсон баён ёфтаанд ва имрӯз он ба ҳамаи шаш забони кории Созмони Милали Муттаҳид тарҷума шудааст. Принсипҳои Эъломияи Куруши Кабир дар 4 моддаи аввалини Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз тарафи СММ қабул шудааст, инъикос ёфтаанд.
Таҳия ва қабули Конститутсияе, ки воқеан ҳам, ба таври куллӣ ифодакунанда ва ҳимоятсози манфиатҳои шаҳрвандон ва тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик танҳо пас аз расидан ба истиклолияти давлатӣ муяссар гардид. Ба туфайли Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯҳои созандаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рӯ ба беҳбуд овард. Давра ба давра қонунҳои нав ва басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин ҳама барои қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи созгор фароҳам омад.
Аз соли 1991 -соли бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то соли 1994 – қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. 30 сол муқаддам 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наверо боз шуд, ки дар таҳкими қонунгузорӣ дар мамлакат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои чӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва чӣ дохилӣ заминаи мустаҳкам фароҳам овард.
Акнун Конститутсияро ба таври зербиное шабоҳат додан мумкин буд, ки аз рӯи он сохтмонро оғоз кардан лозим меомад. Конститутсия ҳамчун як китоби начандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ: шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хулоса муҳимтарин самтҳо ва равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст.
Омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки онҳо аз муқаррароти олии динӣ ва илмӣ сарчашма мегиранд.
Дар муқаддимаи аз номи халқи Тоҷикистон қабул шудаи Конститутсия зикр мешавад, ки комилан дуруст аст: “Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.”
Ҳамин тавр Конститутсия қонуни асосии ҳар як мамлакат мебошад ва вазифаҳои муҳимтарини он инҳоянд:
а) нахустқонуни кишвар мебошад ва тамоми идораву сохторҳои давлатӣ бояд бар асоси дастуру нишондодҳои он амал намоянд.
б) қутбномаи ҳама қонунҳои дигар аст, мазмуну муҳтавои тамоми қонунҳои дигари мамлакатро ифода менамояд, ҳама қонунҳо дар такя ба асосҳои он нигоҳ дошта мешаванд.
в) нерӯи боэътимод ва такягоҳи қавии давлат ва сиёсати он аст, ки чаҳорчӯбаи амалиёти тамоми мақомоти давлатро муайян месозад.
г) ҳамдилӣ, ваҳдат ва мароми миллатро таъмин менамояд, манфиатҳои шаҳрвандон, ҳуқуқу озодиҳои онҳоро кафолат медиҳад ва ҳимоят мекунад.
Бо пазируфта шудани Конститутсия, миллати тоҷик соҳиби такягоҳ, пушту паноҳ ва қутбнамо гардид ва дар ҳаёти он марҳилаи нав ва пурбаракату созанда ифтитоҳ ёфт. Конститутсия тавонист истиқлолияти тоҷиконро тақвият бахшад, ифодагари воқеии манфиатҳои мардум бошад, орзую омоли халқро инъикос намояд, тоҷиконро сарҷамъу ҳаммаром созад ва ононро ба оламиён муаррифӣ бикунад.
Баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар саросари Тоҷикистон низ Конститутсия нақши муҳими таърихӣ иҷро намуд. Минбаъд се маротиба (с. 1999, 2003, 2016) бо тақозои меъёрҳои навини ҳуқуқи байналмилалӣ вобаста ба ҳимояи шараф ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамчунин, бар асоси марҳилаи тозаи рушди мамлакат ба Конститутсияи Тоҷикистон боз ҳам бо раъйпурсии ҳамагонӣ тағйирот ворид карда шуд. Яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам мукаммалтар гардид ва боиси шарафмандии мост, ки Конститутсияи мамлакатамон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини демократитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷой гирифтааст.
Дар асоси Конститутсияи соли 1994 қабулгардида шаш маротиба ҷиҳати таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии намояндагӣ интихоботи даврии парламентӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020), панҷ маротиба интихоботи президентӣ (солҳои 1994, 1999, 2006, 2013, 2020) бо иштироки бевоситаи халқи Тоҷикистон баргузор шуда, низоми қонунгузорӣ бо се раъйпурсии умумихалқӣ се ислоҳоти конститутсиониро (солҳои 1999, 2003, 2016) ҳамчун давраҳои рушди табиати ҳуқуқии мардум паси сар кард ва талаботи моддаи 6 Конститутсия, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст, воқеан амалӣ ва соҳибихтиёрии халқ дар Тоҷикистон собит гардид.
Конститутсия бо истифода аз таҷрибаи сиёсиву ҳуқуқии тамаддуни башарӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳайси маҳаки аслии низоми давлатдорӣ таъйид намуда, усули классикии таҷзияи ҳокимияти давлатиро расмият бахшид. Дар асоси муқаррароти Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ амалӣ мегардад. Ҳокимияти қонунгузорро Маҷлиси Олӣ, ҳокимияти иҷроияро Президент ва ҳокимияти судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар зинаҳои судӣ амалӣ месозанд.
Ҳамзамон аз замони қабули Конститутсияи кишвар нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳо чашмрас гардид. Зеро ба манзури таҳкими ҳокимияти судӣ, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунсолорӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули қарорҳои қонуниву асоснок, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар чанд давра барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ амалӣ гашт. Зеро дар ин санади олии ҳуқуқӣ бори аввал таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардид. Ин муқаррароти Конститутсия баёнгари демократисозии ҷомеа шинохта шуда, дар низоми ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои мусбат ба бор овард. Чунончи, дар доираи ислоҳоти судӣ, ки маҳз Конститутсия ба он асос гузошт, Суди конститутсионӣ, судҳои ҳарбӣ таъсис ёфта, таҷдиди суд – арбитраж ба суди иқтисодӣ ба амал омад. Ҳамчунин, дар мамлакат Суди Олии иқтисодӣ, дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе судҳои иқтисодӣ таъсис ёфтанд, ки тағйироти куллие дар низоми ҳуқуқии кишвар дониста мешавад.
Конститутсия боиси ифтихору шарафмандии мост. Бояд ҳамагон онро дақиқ омӯзем, аз мазмуну муҳтавояш огаҳии аниқ дошта бошем, талаботи ин ҳуҷҷати муқаддаси миллатро риоя намоем ва онро ҳамчун яке аз муқаддасоти асосии Ватани маҳбубамон эҳтирому арҷгузорӣ намоем, муътабар донем. Зеро мо имрӯз танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта метавонем.
Cардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Вализода Ф.
Напечатать страницу