25 октябри соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинари мазкур муовинони раис, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии ВМКБ, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима карор доданд.
Инчунин тибқи нақша машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ низ баргузор гардида, маърӯзачиҳо мувофиқи нақшаи мазкур доир ба мавзӯҳои зерин баромад намуданд: 1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2) Мафҳуми асосии Microsoft Word ва тартиби истифодаи он дар компютер; 3) Далелҳо ва исботкунӣ дар мурофиаи судӣ; 4) Таърихи пайдоиш, рушд ва дастовардҳои судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сипас дар доираи ин мавзӯъҳо саволу ҷавобҳо сурат гирифт ва маърузачиҳо доир ба саволҳои додашуда ҷавобҳои муфасал доданд.
Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ мебошад ва тибқи Нақшаи тасдиқгардида охири ҳар моҳ бо ҷалби раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе семинарҳои илмию амалӣ баргузор карда мешавад.
Напечатать страницу







