- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

26 – уми октябр рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ намудааст. Дар асоси ин принсип шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба таври мустақил ва дар ҳамкории байниҳамдигарӣ фаъолият мекунанд. Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа торафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳоро таъмин менамояд.

Бояд қайд кард, ки вазифаи асосии давлат ҳангоми ташаккули ҳокимияти судӣ бунёди чунин сохтори судӣ аст, ки фаъолияташ басо шаффоф, озод, дар доираи қонун, дастрасу адолатхоҳ мебошад, ки дар назди он тамоми шаҳрвандон баробарҳуқуқ буда, адолати судиро дар ин самт амалӣ менамояд.

Адолати судӣ яке аз зуҳуроти муҳим ва асосии ба амал бароварда шудани ҳокимияти судӣ ба шумор рафта, дар фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқ мавқеи хосаро дорад, ки амалӣ карда шудани он тибқи муқарароти Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ваколати мақомоти судӣ вогузор карда шудааст. Амалӣ намудани адолати судӣ ваколати истисноии мақомоти судӣ эътироф гардида, дигар мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надорад онро ба амал бароранд. Зеро тибқи моддаи 2 Қонуни қонститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ягон мақомоти дигар ва ё шахсони ҳукуқӣ ҳаққи ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.

Дар асоси гуфтаҳои боло якчанд аломатҳои асосии адолати судиро фарқ намудан мумкин аст, ки онҳо танҳо хоси ҳокимияти судӣ будани адолати судиро асоснок намуда, онро аз дигар намудҳои фаъолият фарқ мекунонад.

Якум, адолати судӣ тавассути суди дорои ҳокимияти мустақили судӣ ба амал бароварда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад ва дар баробари ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия амалӣ менамояд. Бо дарназардошти ин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки ба зиммаи судя вазифаи пешбининакардаи қонунгузории Тоҷикистонро гузорад.

Дуюм, адолати судиро ба истиснои мақомоти судӣ дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ташкилоти ҷамъиятӣ ба амал бароварда наметавонанд. Яъне санади судӣ, аз ҷумла, ҳукм, ҳалнома аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, барои таъмини адолати судӣ равона гардидааст.

Сеюм, адолати судӣ танҳо бо роҳи муайянкардаи қонун ба амал бароварда мешавад. Роҳҳои асосии ба амал баровардани адолати судӣ дар қонунгузории амалкунанда, пеш аз ҳама, дар Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти муқаррароти қонуни конститутсионии мазкур роҳҳои зерини ба амал баровардани адолати судиро зикр кардан мумкин аст:

Ғайр аз ин дар адабиёти ҳуқуқӣ вобаста ба муайян намудани мафҳуми адолати судӣ ақидаҳои мухталиф ҷой доранд. Аз нуқтаи назари мазмуни маҳдуд ва анъанавӣ таҳти адолати судӣ танҳо аз ҷониби суди зинаи якум моҳиятан баррасӣ кардани парванда, гузаронидани мурофиаи судӣ бо иштироки тарафҳо, муқаррар кардани ҳолатҳои воқеии кор ва татбиқи қонуни материалӣ ба муносибатҳои ҳуқуқии мушаххас фаҳмида мешавад.

Ба маънои васеъ адолати судӣ тамоми фаъолияти судро дар доираи қонунгузорӣ, аз ҷумла дар марҳилаи кассатсионӣ дар назар дорад.

Ҳар яке аз мақомоти судӣ пас аз баррасӣ кардани парвандаи ба ваколати онҳо тааллуқдошта, дар доираи салоҳияти худ санади дахлдори судӣ (ҳукм, ҳалнома, қарор, таъинот, фармон) қабул менамоянд, ки санади аз тарафи мақомоти судӣ қабулшуда ва ба қувваи қонунӣ даромада барои иҷро дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз тарафи ҳар як мақоми давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.

Суд ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз қувваи маҷбурсозии давлатӣ истифода мебарад, ки чунин шакли маҷбурсозии давлатӣ, пеш аз ҳама, дар намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ зоҳир мегардад.

Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба амал мебароранд.

Танҳо аз тарафи суд ба амал бароварда шудани адолати судӣ маънои онро дорад, ки ҳуқуқи ба амал баровардани адолати судиро ба истиснои мақомоти судӣ дигар мақомот надорад.

Яке аз хусусияти асосии танҳо аз тарафи суд ба амал баровардани адолати судӣ дар он зоҳир мегардад, ки ягон мақомоти давлатӣ ҳуқуқи муайян намудани қонунӣ, асоснок ва адолатнок будани санади судиеро, ки вобаста ба парвандаи алоҳида ва мушаххас бароварда шудааст, надоранд. Чунин ваколат танҳо ваколати истисноии суди зинаи болоӣ буда, он ҳуқуқ дорад санадҳои судии судҳои зинаи поёниро ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ намуда, ҳангоми ғайриқонунӣ ва беасос буданашон бекор намояд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи инро ба инобат гирифта, дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии мақомоти судӣ, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозиву татбиқ кардааст. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки он барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим дорад.

 

Нозири сомона                                                               Раҳимова Ф.