Санаи 21 ва 22 октябри соли 2024 дар Осоишгоҳи Шоҳамбарии водии Ҳисор Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ тренинги омӯзиши оид ба «Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Дар рафти тренинги омӯзиши кормандони судҳои иқтисодӣ дониши назариявӣ ва амалии худро дар ин соҳа тақвият дода, ба қонунҳо ва қоидаҳое, ки равандҳои расмиёти маъмуриро танзим мекунанд, ба пуррагӣ ошно гардиданд.
Илова ба ин, аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи китобҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба китобхонаи Суди Олии иқтисодӣ ҳадя карда шуд, ки ин тӯҳфа барои такмили минбаъдаи касбии судяҳо ва кормандони судҳо ёрии амалӣ мерасонад.
Напечатать страницу





