Дар ноҳияи Спитамен озмуни “Ҳуқуқи инсон аз нигоҳи хонанда” баргузор гардид. Дар ин озмун, ки бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд, ҷавонони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳи озмун намояндаи Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин ва муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба нақши ин чорабинӣ дар тарбияи ҳуқуқии насли наврас ва муҳаббати онҳо ба адолат ва қонун таъкид намуданд.
Дар даври муассисавии озмун 1906 нафар хонандагон аз фанҳои “Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ҳуқуқи инсон” иштирок намуда, 444 нафар беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳадафи озмун тақвият бахшидан ба маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар байни насли ҷавон маҳсуб меёбад.
Напечатать страницу



