- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Таъиноти хусусӣ

ТАЪИНОТИ ХУСУСӢ

17 сентябри соли 2024                                                                              шаҳри Душанбе

Марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Қосимзода С.О., судяҳо Қаландарзода М.С. ва Муминзода Қ.Қ., бо котибии Фатоҳзода М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои ҳамин суд шикояти кассатсионии ҷавобгар А.Н.-ро аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 18 июли соли 2024 доир ба парвандаи иқтисодӣ бо даъвои Г.А.Ҷ. дар намояндагии С.Д.Я. ба ҷавобгарии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг, Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ховалинг ва А.Н. дар бораи беэътибор донистани фармоишҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг аз 6 феврали соли 2024 таҳти №14, №15 аз 9 феврали соли 2024,  шартнома аз 9 феврали соли 2024, таҳти №110 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таҳти №25 аз 26 феврали соли 2024, бо иштироки шикояткунанда А.Н. ва намояндаи ваколатдори Г.Ҷ.Н. – С.Д.Я. баррасӣ намуда,

МУАЙЯН КАРД:

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 18 июли соли 2024 даъвои Г.А.Ҷ. дар намояндагии С.Д.Я. ба ҷавобгарии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг, Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ховалинг ва А.Н. дар бораи беэътибор донистани фармоишҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг аз 6 феврали соли 2024 таҳти №14, №15 аз 9 феврали соли 2024,  шартнома аз 9 феврали соли 2024, таҳти №110 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таҳти №25 аз 26 феврали соли 2024 қонеъ карда шуда, фармоиши Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг таҳти №14 аз 6 феврали соли 2024  “Оиди қатъ намудани фаъолияти истифодабарандаи замини фонди ҷангал аз мавзеи заминҳои чарогоҳи Гарданако, Круги Нурмат, Санги Дил, Болои Санги Дил ва Оби сафеди минтақаи Ёхсу”, шартномаи “Оид ба истифодабарии замин барои чарогоҳ ва бунёди ҷангали маданӣ аз заминҳои фонди ҷангал” таҳти №110 аз 9 феврали соли 2024, фармоиш “Оиди истифода бурдани замини фонди ҷангал аз мавзеи заминҳои чарогоҳи Круги Нурмат ва Сари санги минтақаи Ёхсу, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг таҳти №15 аз 9 феврали соли 2024, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, ки аз тарафи Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Ховалинг аз 26 феврали соли 2024 таҳти №25 ба А.Н.дода шудааст, беэътибор дониста шудаанд.

Бо Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2024 ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 18 июли соли 2024 доир ба парвандаи иқтисодӣ бо даъвои Г.А.Ҷ.дар намояндагии С.Д.Я.ба ҷавобгарии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг, Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ховалинг ва А.Н. дар бораи беэътибор донистани фармоишҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг аз 6 феврали соли 2024 таҳти №14, №15 аз 9 феврали соли 2024,  шартнома аз 9 феврали соли 2024, таҳти №110 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таҳти №25 аз 26 феврали соли 2024 бетағйир, шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи  1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.

Тибқи талаботи моддаи 2501 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолати пешбининамудаи моддаи 1861  Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд.

Ҳангоми омўзиши маводи парванда ва баррасии шикояти кассатсионӣ дар марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ ҳолатҳои қонунвайронкуниро дар фаъолияти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг муайян кард ва дар ин хусус чиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ ба маълумоти  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расниданро лозим донист.

Шартномаи иҷораи замин аз 6 июли соли 2021 байни Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг ва Г.Ҷ. ба имзо расонида шудааст. Дар асоси фармоиш аз 6 феврали 2024 таҳти №14 истифодабарии замини фонди ҷангал, ки дар асоси фармоиши таҳти №59/2 аз 8 июли соли 2021 ба Г.Ҷ., ки дар майдони умумии 250 гектар замини чарогоҳ ба муҳлати 10 сол дода шудааст, бинобар сабаби бе мувофиқа ва бе розигии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ шудан ва пардохт накардани маблағи андози истифодабарии замини чарогоҳ барои соли 2023 ба маблағи 4602 сомонӣ фаъолияти истифодабариаш қатъ карда шуда, иҷорааш бекор карда шудааст.

Тибқи шартномаи иҷораи замин аз 6 июли соли 2021 ба Г.Ҷ. аз ҳисоби заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг қитъаи замини чарогоҳ ба масоҳати 250 гектар дар давоми солҳои 2021 то соли 2031 дода шудааст ва тибқи банди 1.3 шартномаи мазкур барои пардохти 250 гектар қитъаи замини чарогоҳ (250*16,86=4215) сомонӣ муқарар карда шудааст. Даъвогар Г.Ҷ. маблағи иҷрои заминро ба иҷорадеҳ Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг пардохт карда, аз маблағи дар шартнома нишондодашуда 4 451 сомонӣ барзиёд пардохт карда шудааст ва дар шатномаи мазкур пардохти иҷораи андози замин ба зиммаи иҷорагир Г.Ҷ. гузошта нашудааст. Вале дар асоси фармоиши директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг бе огоҳ намудани заминистифодабаранда Г.Ҷ. хилофи талаботи Қонун шартномаи иҷораи замин яктарафа бе розигии Г.Ҷ. бекор карда шудааст.

Дар асоси фармоиши директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2024 М.А. бинобар сабаби ба синни ниҳоии нафақа расиданаш аз вазифаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг аз 9 феврали соли 2024 озод карда шудааст. Аммо дар асоси фармоиш аз 6 феврали соли 2024 таҳти №14 истифодабарии замини фонди ҷангал, ки дар асоси фармоиши таҳти №59/2 аз 8 июли соли 2021 ба Г.Ҷ., ки дар майдони умумии 250 гектар замини чарогоҳ ба муҳлати 10 сол дода шудааст, қатъ карда шуда, иҷорааш бекор карда шудааст. Санаи 9 феврали соли 2024 дар асоси фармоиш қитъаи замини мазкурро ба А.Н. дар майдони умумии 270 гектар ба муҳлати 10 сол ба иҷора додааст. Баъдан дар асоси фармоиши мазкур байни Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг ва А.Н. шартномаи иҷораи замин аз 9 феврали соли 2024 ба имзо расонида шудааст.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти шахсони масъули Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо ба таври дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Бинобар ин, коллегияи судӣ ба хулоса омад, ки бо мақсади пешгирии вайронкунии қонунҳо аз ҷониби шахсони масъули Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи “С.К.”-и ноҳияи Ховалинг ва риояи пурраи талаботи қонунҳо ва санадҳои зерқонунии соҳавӣ аз ҷониби онҳо, ба роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои ҷойдошта иттилоъ диҳад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 182-183, 1861, 2501  КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

ТАЪИН   КАРД :

Оид ба ҳолатҳои дар боло зикршуда барои андешидани чораҳои зарурӣ ба диққати роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шавад.

Аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар муҳлати як моҳ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти хаттӣ ирсол карда шавад.

Нисбат ба таъиноти хусусӣ шикоят овардан мумкин аст.

 

Раисикунанда:                                                     Қосимзода С.О.

Судяҳо:                                                                Қаландарзода М.С.

Муминзода Қ.Қ.