- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Ҳалнома

Ҳалнома

Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

шаҳри Душанбе                                                                            24 июли соли 2024

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Қаландарзода М.С., бо котибии Ҳомидзода В.Б. ва иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабиён Б. дар маҷлиси судӣ парвандаро аз рўи аризаи намояндаи роҳбари хоҷагии деҳқонии “АН”-и шаҳри Турсунзода Н.Т.Н.-Н.Н. нисбат ба шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода ва хоҷагии деҳқонии “У.С.”-и шаҳри Турсунзода дар бораи қисман беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрелии соли 2022, бо иштироки тарафхо баррасӣ намуда,-

м у а й я н     к а р д:

Намояндаи роҳбари хоҷагии деҳқонии “А.Н”-и шаҳри Турсунзода Н.Н. бо ариза нисбат ба шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода ва хоҷагии деҳқонии “У.С.”-и шаҳри Турсунзода дар бораи қисман беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 ба суд муроҷиат намуда, қайд намудааст, ки хоҷагии деҳқонии “А.Н.” дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда таъсис дода шудааст. Дар асоси қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 ба хоҷагии деҳқонии “А.Н.” аз ҳисоби заминҳои аз марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат қитъаи замин ба масоҳати 3452,32 гектар, аз он чарогоҳ 1709,93 гектар ва дигар заминҳои кишоварзӣ ба масоҳати 1742,39 гектар вобаста карда шудааст. Аз соли 2015 то ин ҷониб қитъаи замини ба таври иловагӣ вобастагардида аз тарафи хоҷагии деҳқонии “А.Н.” самаранок ва оқилона истифода гардидааст. Гарчанде, асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳури Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” дар фаъолияти хоҷагии деҳқонии “А.Н.” ҷой надошта бошад ҳам, вале дар асоси қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 ба хоҷагии деҳқонии “УС” аз ҳисоби заминҳои истифодаи дарозмӯҳлати шаҳри Турсунзода, воқеъ дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат, тарҳҳои 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20қ, 21, 21а, 55қ, 56, 63, 62, 64, 65, 66, 67, 69, 71, 72, 73, 74, 75, 76, 77, 78, 79, 80, 58қ, 53қ, қитъаи замини иловагӣ ба масоҳати умумии 1380,70 гектар, аз он ҷумла замини чарогоҳ 594,80 гектар, замини зери дарё, ҷӯйҳо ва сойҳо 11,50 гектар, зери роҳ 1,76 гектар, замини ярчу шағал 765,09 гектар, пиряхҳо 6,70 гектар ва қӯллаҳо 0,85 гектар барои истифодаи мӯҳлатнок ба мӯҳлати 3 сол дода шудааст. Қайд намудааст, ки заминҳои истифодаи дарозмӯҳлати шаҳри Турсунзода, воқеъ дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат, тарҳҳои  17, 18, 19, 21, 21а, 56, 63, 62, 64, 65, 66, 67, 69, 71, 72 бо қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 ба хоҷагии деҳқонии “А.Н.” вобаста карда шуда, дар истифодабарии онҳо қарор доштааст. Чунин мешуморад, ки ҳангоми қабул гардидани қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 муқаррароти қонунгузорӣ вайрон гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хоҷагии деҳқонии “А.Н.” дар истифодабарии замин халалдор гардидааст.

Бо асосҳои овардашуда аз суд хоҳиш намудааст, ки қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 “Дар бораи додани қитъаи замини иловагӣ аз ҳисоби заминҳои истифодаи дарозмӯҳлати шаҳри Турсунзода, воқеъ дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат ба хоҷагии деҳқонии “У.С.”-и шаҳри Ваҳдат” қисман дар қисми тарҳҳои  17, 18, 19, 21, 21а, 56, 63, 62, 64, 65, 66, 67, 69, 71, 72 беэътибор дониста шавад.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи ваколатдори хочагии деҳқонии “А.Н.” Н.Н. аризаро дастгири намуда, бо ваҷҳу асосҳои дар он овардашуда аз суд қонеъ кардани аризаро пурсид.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода З.З. аризаро эътироф накарда, қарори баҳсиро қонуни ва асоснок ҳисобида, рад намудани аризаро аз суд хоҳиш намуд.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода- К.Э. аризаро қисман дастгири намуда, қайд намуд, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 ба хоҷагии деҳқонии “А” аз ҳисоби заминҳои аз марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат қитъаи замин ба масоҳати 3452,32 гектар, аз он чарогоҳ 1709,93 гектар ва дигар заминҳои кишоварзӣ ба масоҳати 1742,39 гектар вобаста карда шудааст. Гарчанде, ки ду маротиба ба қарори мазкур бо қарорҳои дигари раиси ш.Турсунзода тағйиротҳо ворид карда шуда бошад ҳам, аммо минбаъд дар асоси эътирозҳои Прокуратура қарорҳо дар бораи даровардани тағйиротҳо бекор карда шудаанд. Қайд намуд, ки айни ҳол   қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015  эътибори қонуни дорад. Аз суд хоҳиш намуд, ки ариза дар асоси талаботи қонун ҳал карда шавад.

Дар мурофиаи судӣ намояндаи хочагии деҳқонии “У.С.”  С.У., аризаро эътироф накарда, ба муқобили ваҷҳҳои ариза баёнот дода, илова намуд, ки вобаста ба баҳси мазкур санади судии эътибори қонуни дошта ҳалномаи Суди Олии иктисодӣ аз 15.12.2023 сол мавҷуд мебошад, ки мувофики он қарори баҳсӣ барқарор карда шудааст. Истинод ба ҳалномаи мазкур оварда, аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи хоҷагии деҳқонии “А.Н.” бинобар беасос буданаш рад карда шавад.

Маводҳои парвандаро омўхта, далелҳои хаттии дар қабати маводҳои парванда мавҷудбударо таҳлил намуда, баёноти шахсони иштироккунандаи парванда ва хулосаи прокурорро, ки қонеъ кардани аризаро пурсид, шунида, суд ба чунин хулоса омад.

Мутобиқи моддаи 187 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ки ба ҳукуқу манфиатҳои қонунии шахсони дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ дахл мекунанд, аз тарафи суди иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд.

  Мувофиқи моддаи 22 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 1 сентябри соли 2005, тахти №342, қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шахру ноҳияхо мувофиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешавад.

Тавре аз маводҳои парванда бармеояд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №696 аз 31 октябри соли 2014 заминҳои чарогоҳҳои мавсимии шаҳру ноҳияҳо дар марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳои дигар ба мӯҳлати 10 (даҳ) сол ба шаҳру ноҳияҳо вобаста карда шудааст.

Дар асоси қарори мазкур, бо қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 заминҳо аз марзи маъмурии ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Шаҳритус, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода ҳамчун чарогоҳҳои мавсимӣ мӯҳлатнок вобаста карда шудааст.

Аз замимаи қарори мазкур бармеояд, ки ба хоҷагии деҳқонии “А.Н.” аз ҳисоби заминҳои чарогоҳи мавсимӣ дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат қитъаи замин дар майдони 3452,32 гектар вобаста карда шудааст.

Бо қарори раиси шаҳри Турсунзода №426 аз 15 апрели соли 2019 ба қарори дар боло зикршуда №97 аз 2 феврали соли 2015 тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи он майдони заминҳои ба хоҷагии деҳқонии “А.Н.” вобастагардида аз майдони 3452,32 гектар ба майдони 2248,01 гектар кам карда шудааст.

Ҳамчунин бо қарори дигари раиси  шаҳри Турсунзода №48 аз 21 январи соли 2020 ба қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи он майдони умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии “А.Н.” дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат 3413,91 гектар муқаррар карда шудааст.

Минбаъд дар асоси эътирози Прокурори шаҳри Турсунзода аз 5 майи соли 2021 бо қарори раиси шаҳри Турсунзода №763 аз 20 майи соли 2021, қарори раиси шаҳри Турсунзода №426 аз 15 апрели соли 2019 “Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015” бекор карда шудааст.

Бо қарори дигари раиси шаҳри Турсунзода №760 аз 20 майи соли 2021, эътирози Прокурори шаҳри Турсунзода аз 8 майи соли 2021 баррасӣ гардида, қарори раиси шаҳри Турсунзода №48 аз 21 январи соли 2020 “Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015” бекор карда шудааст.

Суд қарорҳои дар боло зикршударо мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, муайян намуд, ки дар натиҷаи баррасии эътирозҳо ва қабули қарорҳои болозикр, қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 “Дар бораи вобаста намудани заминҳои чарогоҳи мавсимӣ” барқарор гардида, эътибори ҳуқуқӣ дорад. Дар чунин маврид заминҳои хоҷагии деҳқонии “А.Н.” аз ҳисоби чарогоҳҳои мавсимии дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат майдони 3452,32 гектарро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин аз мактуби Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода аз 28 декабри соли 2023 “Оиди пешниҳоди тавозуни заминҳои хоҷагии деҳқонии “АН” бармеояд, ки тибқи ҳисоботи солонаи заминҳо ба ҳолати 1 январи соли 2023 масоҳати заминҳои хоҷагии деҳқонии “А.Н.” ҳамагӣ 3452,32 гектар заминҳои мӯҳлатнокро ташкил медиҳад.

Аз экспликатсияи тарҳҳои қитъаҳои заминҳои истифодабарии дарозмӯҳлати ҳудуди марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат, ки ба хоҷагии деҳқонии “А.Н.”-и шаҳри Турсунзода дар соли 2015 вобаста карда шуда, ба санади вобастакунии қитъаҳои замини дарозмӯҳлат аз 2 феврали соли 2015 замима карда шудааст, бармеояд, ки тарҳҳои заминҳои  хоҷагии деҳқонии “А.Н.” чунин мебошанд: 1-9, 11, 14, 17-30, 34-57, 62-69, 71 ва тарҳи 72.

Бо қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 ба хоҷагии деҳқонии “У.С.” аз ҳисоби заминҳои истифодаи дарозмӯҳлати шаҳри Турсунзода воқеъ дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат тарҳои 12 то 21а, 55, 56, 62-69, 71-80, 58қ ва 53қ қитъаи замини иловагӣ масоҳати умумии 1380,70 гектар барои истифодаи мӯҳлатнок ба мӯҳлати 3 сол вобаста карда шудааст.

Хоҷагии деҳқонии “А.Н.”-и шаҳри Турсунзода қарори мазкурро мавриди баҳс қарор дода, ваҷҳ овардааст, ки ҳуқуқи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии “А.Н.” бо тартиби муқаррарнамудаи қонун қатъ карда нашуда, такроран заминҳо бо қарори баҳсӣ ба хоҷагии деҳқонии “У.С.” вобаста карда шудааст.

Суд далелҳои парвандаро мавриди муҳокима ва таҳлил қарор дода, бо асосҳои зерин қонеъ кардани ариза ва қисман беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022-ро лозим шуморид.

Мутобиқи талаботи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи замин ё як қисми он дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

а) даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттӣ, ки аз тарафи заминистифодабарандагон имзо шудааст;

б) қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон;

в) истифода набурдани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар давоми ду сол ва шурўъ накардан ба сохтмон дар замини барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ додашуда, дар давоми се сол;

г) ғайри таъиноти мақсаднок истифода бурдани қитъаи замин, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст;

д) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилхезии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёвӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва боиси бад шудани вазъи экологӣ мегардад;

е) ба охир расидани мўҳлати истифодаи қитъаи замин;

ж) гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

з) аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ баровардан бо асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;

и) пеш аз мӯҳлат қатъ гардидан ва ё ба анҷом расидани муҳлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Бояд қайд кард, ки тибқи муқаррароти моддаи 39 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳали ҳокимияти давлатии шаҳр (ноҳия) танҳо бо асосҳои даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттӣ, қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон, ба охир расидани муҳлати истифодаи қитъаи замин ва гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ қабул карда мешавад.

Тибқи талаботи сархати сеюми моддаи 39 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷбурӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо асосҳои дар бандҳои “в”, “г” ва “д” моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда танҳо дар асоси қарори суд амалӣ карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 47 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Аз меъёрҳои зикршуда бармеояд, ки дар ҳолати мавҷуд будани баҳс вобаста ба ҳолатҳое, ки аз ҳуқуқи истифодабарии замин бармеоянд, воколати ҳалли чунин баҳсҳо, аз ҷумла оид ба ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин, тағйир додан ва ё қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин ба судҳо вогузор карда шудааст.

Дар маҷлиси судӣ муайян карда шуд, ки қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 “Оиди вобаста намудани чарогоҳи мавсимӣ ба хоҷагии деҳқонии “А.Н.” эътибори қонунӣ дошта, ҳуқуқи истифодабарии замини хоҷагии деҳқонии “А.Н.” бо тартиби пешбининамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардонида нашудааст ва ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар тавозуни хоҷагии мазкур майдони умумии 3452,32 гектар заминҳои мавсимӣ мебошанд.

Суд аз далелҳои парванда, ҳолатҳои дар боло зикршуда ва экспликатсияи тарҳҳои заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “У.С.” ва “А.Н.” муайян намуд, ки тарҳҳои  17, 18, 19, 21, 21а, 56, 63, 62, 64, 65, 66, 67, 69, 71 ва 72, ки ба хоҷагии деҳқонии “А.Н.” дар асоси қарори раиси шаҳри Турсунзода №97 аз 2 феврали соли 2015 вобаста карда шудаанд, такроран дар асоси қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 тарҳҳои мазкур ба хоҷагии деҳқонии “УС” вобаста карда шудаанд.

Мувофиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», чарогоҳ барои истифодабарии бемўҳлат, мўҳлатнок ва (ё) якумраи меросӣ ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, асосҳои қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи чарогоҳ, ки дар моддаи 18-и ҳамин Қонун нишон дода шудааст, аз инҳо иборат мебошад:- «истифодабарии ғайримақсадноки чарогоҳ ва расонидани зарари манфӣ ба иқтидор ва ҳосилнокии чарогоҳ;- ба охир расидани мўҳлати истифодабарии чарогоҳ;- мунтазам риоя накардани қоидаҳои муқарраргардида аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ;- пешниҳоди истифодабарандаи чарогоҳ дар бораи ихтиёран даст кашидан аз ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ;- гирифтани қитъаи замини чарогоҳ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;- барҳам хўрдани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагиҳои дигари кишоварзӣ, ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ё қатъ гардидани фаъолияти шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо барои истифодабарӣ чарогоҳ дода шудаанд;- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст

Қарор дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Баҳсҳое, ки дар натиҷаи қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ ба миён меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.»

Суд муқаррароти моддаҳои 37 ва 39 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 16 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, муайян намуд, ки асосҳое, ки боиси қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои чарогоҳ ҷудошуда гарданд, ҷой надорад ва хукуки истифодабарии заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии “А” бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории замин катъ гардонида нашуда, як қисми заминҳои чарогоҳ такроран бо қарори баҳсӣ ба хоҷагии деҳконии “УС” вобаста карда шудааст .

Мувофиқи моддаи 12 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ташкилотҳои дигарро, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёриеро, ки ба қонунгузорӣ мувофиқ нестанд ва ҳуқуқҳои маданию манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқиро вайрон мекунанд, беэътибор эътироф намояд.

Суд ҳолатҳои болозикрро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, чунин хулосабарорӣ менамояд, ки қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 “Дар бораи додани қитъаи замини иловагӣ аз ҳисоби заминҳои дарозмӯҳлати шаҳри Турсунзода, воқеъ дар марзи маъмурии шаҳри Ваҳдат ба хоҷагии деҳқонии “У.С.”-и шаҳри Ваҳдат” дар қисми вобаста намудани тарҳҳои 17, 18, 19, 21, 21а, 56, 63, 62, 64, 65, 66, 67, 69, 71 ва 72 хилофи қонун буда, ҳуқуқ ва манфиатҳои хоҷагии деҳқонии “А.Н.”-ро халалдор месозад. Аз ин рӯ, суд қонеъ намудани аризаи намояндаи хоҷагии деҳқонии “А.Н.”-Н.Н. ва қисман беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022-ро лозим шуморид.

Суд ваҷҳи намояндаи хоҷагии деҳқонии “У.С.”-ро доир ба он, ки вобаста ба баҳси мазкур санади судии эътибори қонуни дошта мавҷуд мебошад, мавриди муҳокима қарор дода, чунин хулосабарори менамояд, ки ваҷҳи мазкур асос барои рад ё қатъ намудани парванда шуда наметавонад. Зеро, аз ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон аз 15.12.2023 сол  бармеояд, ки бо он аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии “У.С.” дар бораи беэътибор донистани карори раисишаҳри Турсунзода аз 6-уми октябри соли 2023 таҳти №1505 мавриди барраси карор гирифта, ариза қонеъ карда шудааст. Аз ҳалномаи судии зикршуда бармеояд, ки дар он хочагии деҳқонии “А” ҳамчун иштирокчии парванда ба ҳисоб нарафта, талаботҳо низ дар ҳалномаи судӣ ва парвандаи мавриди барраси қарор дошта якхела намебошанд.

Дигар ваҷҳҳои дар мурофиаи судӣ овардаи хочагии деҳконии “У.С.” бо муқоиса ба далелҳо ва ваҷҳҳои аризаи хочагии деҳқонии “А” кам аҳамият буда, барои рад намудани ариза асос шуда наметавонанд.

Бо дастрасии моддаҳои 165-168, 174-175 Кодекси  мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-

ҳ а л   к а р д :

Аризаи намояндаи хоҷагии деҳқонии “А.Н.”-и шаҳри Турсунзода Н.Н. қонеъ карда шавад.

Қарори Раиси шаҳри Турсунзода №493 аз 21 апрели соли 2022 қисман дар қисмати вобаста намудани тарҳҳои 17, 18, 19, 21, 21а, 56, 63, 62, 64, 65, 66, 67, 69, 71 ва 72 ба хоҷагии деҳқонии “У.С.” беэътибор дониста шавад.

Аз болои ҳалнома ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ шикоят овардан мумкин аст.

 

Раисикунанда                                                               Қаландарзода М.С.