Дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2024 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Самадзода Бахтиёр Қурбонхон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Тоҳир Толибзода иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занон, ҷавонон, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ширкат доштанд.
Дар доираи маҷлис масъулин аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома гузориш доданд.
Бо баррасии масъалаҳо ва вазифагузорӣ дар назди масъулин маҷлис анҷом ёфт.
Напечатать страницу





