Номгӯйи саволҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ
- Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Дар бораи забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфта шудааст?
- Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Кадом ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд?
- Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Аз номи халқи Тоҷикистон кӣ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад?
- Моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чӣ ташкил медиҳад?
- Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ гуна ҳифз мешаванд?
- Баробарии мардон ва занон дар куҷо муқаррар шудааст?
- Моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Дар бораи дахлнопазирии манзил дар Конститутсия чӣ гуфта шудааст?
- Шаҳрванд аз чандсолагӣ ҳуқуқи интихоб намудан дорад?
- Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд?
- Шаҳрванд кадом ҳуқуқҳоро доро мебошад?
- Моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
- Дар бораи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
- Тартиби таъин ва интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Дар бораи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
- Тартиби интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якдигар чӣ фарқ доранд?
- Кӣ вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва ё таъин шуда метавонад?
- Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд?
- Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя номбар намоед?
- Салоҳияти Маҷлиси миллӣ?
- Салоҳияти Маҷлиси намояндагон?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд?
- Кадом қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман қабул карда мешаванд?
- Тартиби қабули қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
- Кӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда метавонад?
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом вазифаҳоро ишғол мекунад?
- Муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Санадҳои Президент кадомҳоянд?
- Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳоянд?
- Вазифаҳои Ҳукумат аз чӣ иборат мебошанд?
- Санадҳои Ҳукумат кадомҳоянд?
- Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед?
- Мақомоти намояндагӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия кадом мақомот мебошад?
- Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кадом мақомот мебошад?
- Дар ВМКБ кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ чӣ гуна амалӣ карда мешавад?
- Муҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст?
- Кӣ ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе интихоб ё таъин шуда метавонад?
- Кӣ ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе таъин мешавад?
- Дар бораи Суди конститутсионӣ маълумот диҳед.
- Салоҳиятҳои Суди конститутсионӣ кадомҳоянд?
- Прокурори генералӣ ва муовинони ў чӣ гуна ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд?
- Прокурори генералӣ дар назди кӣ масъул мебошад?
- Муҳлати ваколати прокурори генералӣ чанд сол аст?
- Мақомоти прокуратура кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?
- Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия чӣ гуна ворид карда мешаванд?
- Раъйпурсии умумихалқиро кӣ таъин мекунад?
- Моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Дар бораи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар маълумот диҳед?
- Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ кадомҳоянд?
- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ?
- Кӣ ҳуқуқи ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодиро дорад?
- Адолати судӣ дар судҳои иқтисодӣ дар асоси кадом принсипҳо амалӣ карда мешавад?
- Принсипи мубоҳиса?
- Аз ҷониби судҳои иқтисодӣ кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми баррасии парванда татбиқ мешаванд?
- Ҳангоми баррасии парванда аз ҷониби судҳои иқтисодӣ меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ чӣ гуна татбиқ карда мешаванд?
- Санадҳои судии суди иқтисодӣ кадомҳоянд?
- Тобеияти судии парвандаҳо ба судҳои иқтисодӣ?
- Тобеияти истисноии судӣ дар судҳои иқтисодӣ?
- Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ?
- Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд?
- Муҳлатҳои баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ?
- Протоколи маҷлиси судӣ ва муҳлати тартиб додани он?
- Асосҳои коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ?
- Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” кутоҳ маълумот диҳед?
- Коррупсия чист?
- Мақомотҳои мубориза бар зидди коррупсия кадомҳоянд?
- Мамониятҳо барои таъин намудан ба мансабҳои давлатӣ?
- Мамониятҳо вобаста ба иҷрои мансабҳои давлатӣ кадомҳоянд?
- Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” кутоҳ маълумот диҳед?
- Намудҳои муроҷиатҳо кадомҳоянд?
- Таклифҳо гуфта чӣ гуна муроҷиатҳо фаҳмида мешавад?
- Аризаҳо чӣ гуна муроҷиат мебошанд?
- Шикоятҳо чӣ гуна муроҷиат мебошанд?
- Шикояту аризаҳои такрорӣ кадомҳоянд?
- Кадом муроҷиатҳо муроҷиатҳои беном мебошанд?
- Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чӣ қадар аст?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” мухтасар маълумот диҳед?
- Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” нисбати киҳо татбиқ мегардад?
- Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” нисбати киҳо татбиқ намегардад?
- Низоми хизмати давлатӣ?
- Принсипҳои хизмати давлатӣ кадомҳоянд?
- Мақоми ваколатдори хизмати давлатӣ кадом мақом аст?
- Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом мансабҳо ташкил медиҳанд?
- Категорияҳои мансабҳои давлатиро шарҳ диҳед?
- Синни қабул ба хизмати давлатӣ?
- Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан?
- Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби кадом мақомот муқаррар карда мешаванд?
- Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ?
- Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ?
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм?
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” маълумот пешниҳод карда шавад?
- Мафҳумҳои “терроризм” ва “амали террористӣ” шарҳ дода шаванд?
- Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
- Субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
- Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 маълумот пешниҳод карда шавад?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” маълумот пешниҳод карда шавад?
- Мафҳумҳои “экстремизм” ва “сепаратизм” шарҳ дода шаванд?
- Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
- Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод карда шавад?
Напечатать страницу