Ҳалнома

Ҳ А Л Н О М А

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

12 июни соли 2024                                                                            ш.Душанбе

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар ҳайати раисикунанда,  Аминзода З.Т.
бо котибии Наҷмудинзода О.Н.
дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи иқтисодӣ аз рӯи аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав нисбати хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав дар бораи басташуда эътироф намудани шартномаи таъмини энергияи барқ байни филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав, рӯёнидани маблағи қарзи истифодаи неруи барқро бо иштироки тарафҳо баррасӣ намуда-

МУАЙЯН КАРД :

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав нисбати хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав дар шахсияти роҳбари он М.А.И. дар бораи басташуда эътироф намудани шартномаи таъмини энергияи барқ байни филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав, рӯёнидани маблағи қарзи истифодаи неруи барқ муроҷиат намуда, онро дар суд намоянда Аминзода М.Х. чунин асоснок намуд:

Санҷиши прокурорӣ муайян намудааст, ки роҳбари хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав М.А.И. буда, хоҷагии деҳқонӣ дар қайди Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав мебошад.

Хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав дорои рақами мушаххаси андозсупоранда буда, ба коркард ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст.

Мувофиқи санади муқоисавии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии мазкур аз 01.03.2024 сол охирин ба маблағи 181 198 сомонӣ, қарздор мебошад.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав М.А.И. ба даъвати чандинкаратаи  филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав оид ба пардохти қарзҳо беэътиноӣ намуда, ба мақомот ҳозир нашудааст. Ҳарчанд дар баёноти худ ба унвонии Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав қарздории худро дар ҳаҷми 181 198 сомонӣ эътироф намудааст.

Намояндаи филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ф.Н. дар маҷлиси судӣ даъворо дастгирӣ намуда, аз суд қонеъ намудани даъворо пурсид.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав М.А.И. ба даъвати такрории суд ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуд ва суд ба хулоса омад, ки барраси намудани парванда дар ғоибии он охирин имконпазир мебошад.

Аз баёноти роҳбари хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав М.А.И. ба унвонии Прокурори ноҳияи Шаҳринав бармеояд, ки охирин бо санади муқоисавӣ шинос шуда қарздори хоҷагии деҳқониро ба маблағи 181 198  сомонӣ эътироф намуда, уҳдадор шудааст, ки онро пардохт намояд.

Далелҳои қабати парвандаро омӯхта, баёноти тарафҳоро шунида, суд чунин қайд менамояд.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 569 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон – табқи шартномаи таъмини барқ ташкилоти таъминкунандаи барқ уҳдадор мешавад, аз тариқи хати барқи васлшуда неруи барқ диҳад ва мизоҷ бошад уҳдадор мегардад, ки арзиши барқи истифодашударо пардозад, инчунин низоми истифодаи онро, ки дар шартнома пешбини шудааст риоя намояд, таъмини бехатарии истифодаи шабакаҳои барқии таҳти ихтиёраш қарордошта, инчунин дастгоҳ ва таҷҳизоти истифода менамудаашро вобаста ба истифодаи барқ дар ҳолати коршоями нигоҳ дорад.

Муайян карда шуд, ки байни филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав шартномаи таъмини барқ баста нашудааст.

Аз  муқаррароти қисми 1 моддаи 570 Кодекси зикршуда бармеояд, ки-“ шартномаи таъмини барқ ҳангоми дар ӯ мавҷуд будани таҷҳизоти барқие, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавоб медиҳад ва дар шабакаҳои ташкилоти таъмини барқ тибқи тартиби муқаррарнамуда сабт шудаанд, инчунин мавҷуд будани таҷҳизот ва дастгоҳҳои дахлдори баҳисобгирии истифодаи барқ баста мешавад.”

Даъвогар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияи Шаҳринав аз суд басташуда эътироф намудани шартномаи таъминоти барқро бо ҷавобгар хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав талаб намудааст.

Суд муқаррароти қисми 1 моддаи 570 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба талаботи даъво муҳокима намуда, муайян кард, ки дар истифодабарии хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав таҷҳизоти барқие, ки ба талаботи муқараргардида ҷавоб медиҳад ҷой дошта он дар шабакаҳои ташкилоти таъмини барқ сабт шудааст ва тариқи он ба хоҷагӣ барқ дода мешавад. Аз ин ру суд талаботи даъворо қонеъ намуда шартномаи таъмини барқро байни филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав то санаи пешниҳоди даъво 13 маи соли 2024 басташуда эътироф менамояд.

Тибқи талаботи моддаи 575 ҳамин Кодекс:-“ агар дар қонунҳо, санадҳои дигари меъёрӣ ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пардохти барқ барои миқдори воқеии барқи истифоданамудаи мизоҷ,ки мутобиқи моддаи 571 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, сурат мегирад.”

Мувофиқи Санади муқоисавӣ аз 04 марти соли 2024 таҳти №01/060 қарзи  хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав дар маҷмуъ 181 198 сомониро  ташкил медиҳад, ки даъвогарон руёнидани онро талаб доранд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав М.А.И. бо санади муқоисавӣ шинос шуда, қарздории хоҷагии деҳқониро дар ҳаҷми 181 198 сомонӣ эътироф намудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур  суд ба хулоса омад, ки даъворо дар ҳаҷми пурра қонеъ намояд.

Суд ҳамчунин масъалаи боҷи давлатиро ҳал намуд.

Бо дастрасии моддаҳои 109, 165-168, 174-175  Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

Ҳ А Л   К А Р Д :

Аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав нисбати хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав дар бораи басташуда эътироф намудани шартномаи таъмини энергияи барқ байни филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав, рӯёнидани маблағи қарзи истифодаи неруи барқ, қонеъ карда шавад.

Шартномаи таъмини барқ байни филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияи Шаҳринав ва хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав то санаи 13 маи соли 2024 басташуда эътироф карда шавад.

Аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав ба фоидаи филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи Шаҳринав маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 181 198 сомонӣ, руёнида шавад.

Аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “И.М”-и ноҳияи Шаҳринав ба фоидаи давлат 362 сомонию 40 дирам боҷи давлатӣ руёнида шавад.

Нисбат ба ҳалнома дар муҳлати як моҳ ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ овардан мумкин аст.

Раисикунанда:                                                                   Аминзода З.Т.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу