- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ТАЪИНОТИ ХУСУСӢ

ТАЪИНОТИ ХУСУСӢ

29 августи соли 2024                                                                     ш.Душанбе

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳти раисии  Аминзода З.Т.
бо котибии  Гулмуродзода А.
бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ, Раҷабиён Б.О.
дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ парвандаи иқтисодӣ аз руи аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат нисбат ба хоҷагии деҳқонии «М.М.”-и ноҳияи Файзобод, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, КДФ БММҒ-и ноҳияи Файзобод дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 29 июли соли 2019 таҳти №709 “Дар бораи вобаста намудани чарогоҳҳои мавсимӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ”-и «М.М.” ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати аз 20 июли соли 2022 таҳти №5757 ба хоҷагии деҳқонии «М.М.”, даъвои муқобили роҳбари хоҷагии деҳқонии «М.М.”-и ноҳияи Файзобод нисбати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва КДФ БММҒ-и ноҳияи Файзобод оиди уҳдадор намудани Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар бораи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста намудани қитъаи замини чарогоҳҳои мавсимӣ дар майдони 370,61 га ба хоҷагии деҳқонии «М.М.”ро бо иштироки тарафҳо баррасӣ намуда-

МУАЙЯН КАРД :

Бо ҳалномаи судӣ аз 29 августи соли 2024 аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат нисбат ба хоҷагии деҳқонии «М.М.”-и ноҳияи Файзобод, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, КДФ БММҒ-и ноҳияи Файзобод дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 29 июли соли 2019 таҳти №709 “Дар бораи вобаста намудани чарогоҳҳои мавсимӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ”-и «М.М.” ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати аз 20 июли соли 2022 таҳти №5757 ба хоҷагии деҳқонии «М.М.”, қонеъ карда шуд.

Қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 29 июли соли 2019 таҳти №709 “Дар бораи вобаста намудани чарогоҳҳои мавсимӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ” дар қисми хоҷагии деҳқонии «М.М.” ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати аз 20 июли соли 2022 таҳти №5757 ба хоҷагии деҳқонии «М.М.” беэътибор дониста шуд.

Аризаи хоҷагии деҳқонии «М.М.” оид ба татбиқ намудани муҳлати муроҷиат нисбати аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рад карда шуд.

Дар маҷлиси сайёри судӣ муайян карда шуд,ки санаи 10 июли соли 2019 Қарори раиси ноҳияи Файзобод таҳти №548 қабул гардидааст, ки бо он қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 15 апрели соли 2013 таҳти № 352 “дар бораи ба хоҷагии деҳқонии «М.М.” бо ҳуқуқи якумраи мероси вобаста намудани қитъаи замини иловагӣ дар майдони 370,61 га барои мутобиқ намудан бо қонунҳои амалкунанда аз эътибор соқит карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои қарори болозикр, Раиси ноҳияи Файзобод бо қарор аз 29 июли соли 2019 таҳти №798 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 таҳти №696 ва Пешниҳоди Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод ба чор хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии «М.М.” қитъаи замин дар масоҳати 370,61 га чарогоҳи мавсимиро вобаста намудааст.

Аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 таҳти №696 “Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ” бармеояд, ки заминҳои чарогоҳҳои мавсимии шаҳру ноҳияҳо дар марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳои дигар ба муҳлати даҳ сол мутобиқи замима ба шаҳру ноҳияҳо вобаста карда шавад.Яъне муҳлати истифодабарии чарогоҳҳои мавсимӣ то санаи 31 октябри соли 2024 муқаррар шудааст. Дар робита ба ин қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 29 июли соли 2019 оид ба вобастакунии чарогоҳҳои мавсимӣ ба хоҷаги «М.М.” низ ба муҳлати то 31 октябри соли 2024 қабул шудааст.

Намояндаи Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод И. И. дар маҷлиси судӣ даъворо эътироф намуда чунин баёнот дод: -Ба шаҳрванд С. С. тибқи қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 29 сентябри соли 1996 таҳти №194 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии “Куҳдоман” қитъаи замин дар масоҳати 4 га замини чарогоҳ бо истифодабарии якмураи меросӣ ҷудо карда шудааст. Баъдан дар асоси қарори дигар  раиси ҳамин ноҳия аз 25 феврали соли 1999 таҳти №75 ба номбурда боз 4,50 га қитъаи замин, ки аз он 3 га замини корами оби мебошад барои истифодабри якумраи меросӣ ҷудо карда шудааст. Илова бар ин ба хоҷагии «М.М.” бо қарори раиси ноҳия аз 15 апрели соли 2013 таҳти №352 майдони 370,61 га қитъаи замини ҷарогоҳ бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ ҷудо шудааст, вале ин қарор бо қарор аз 10 июни соли 2019 таҳти №548 аз эътибор соқит дониста шудааст. Бояд қайд намуд вобаста ба ҳар сеи ин қарорҳо аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод як парвандаи заминсозӣ таҳия дода, ҳудуди ҳамаи ин қитъаҳои заминҳо ба он ворид карда шудааст.

29 июни соли 2019 Раиси ноҳияи Файзобод бо қарори худ таҳти №709  майдони замини чарогоҳи хоҷагӣ дар масоҳати 370,61 гаро ба хоҷагии деҳқонии «М.М.” ҳамчун чарогоҳи мавсимӣ вобаста намудааст. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори раиси ноҳия оид ба вобастакунии қитъаҳои замини чарогоҳҳои мавсимӣ ва тибқи аризаи раиси хоҷагии деҳқонӣ оид ба иваз намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин як комиссия босалоҳияти ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи идораи замини ноҳия санаи 17 майи соли 2021 қитъаҳои заминҳои хоҷагиро аз назаргузаронида хулоса кардааст, ки бо дарназардошти иваз шудани шумораи саҳмдорони хоҷагӣ ва қарорҳои қабулшудаи раиси ноҳия Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин  ба Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ иваз карда шавад.

КДФ БММҒ дар ноҳияи Файзобод санаи 20 июли соли 2022 ба хоҷагӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулк таҳти №5757 додааст, ки дар он истифодабарии қитъаи заминро ба хоҷагӣ якумраи меросӣ нишон додаанд. Ҳол он, ки дар ин сурат Кумитаи идораи замин ва КДФ БММҒ дар ноҳияи Файзобод бояд ду парвандаи замин ба хоҷагӣ таҳия медоданд, ки яке ба масоҳати 8,5 га қитъаи замини якумраи меросӣ ва дигарӣ ба чарогоҳҳои мавсимӣ мансуб буд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 26-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон:-“Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок, якумраи меросӣ ва ба иҷора медиҳанд.”

Тибқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ(фермерӣ)” таҳрири соли 2016 бошад, – “Ба хоҷагии деҳқонӣ барои истифодаи муҳлатнок ё ҳамчун иҷора аз ҳисоби заминҳои гурўҳҳои зерин, аз ҷумла: -аз гурўҳи заминҳои захираи давлатӣ ва аз заминҳои чарогоҳҳо барои чаронидани чорво вобаста ба саршумори он дар хоҷагии деҳқонӣ қитъаи иловагии замин дода мешавад.”

Суд хулосаи комиссия бо салоҳияти ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи идораи замини ноҳия санаи 17 майи соли 2021-ро муҳокима намуда ба хулоса омад, ки комиссия босалоҳияти ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Ш.Ш. додани чунин хулосаро надошт. Зеро бо кадом ҳуқуқ истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок, якумраи меросӣ ва ба иҷора додани қитъаи заминро танҳо раиси ноҳия дорад. Масъалаи даст кашидан аз саҳм аз ҷониби саҳмдорони хоҷагиро бошад, суд баррасӣ менамояд.

Бо ҷой доштани ҳолати зикршуда суд ба хулоса омад, ки бо қабули таъиноти хусуси ба унвонии раиси Кумитаи иадораи замини ноҳияи Файзобод расонад, ки минбаъд ба амалҳое, ки ба доираи ваколати онҳо дохил нест, даст назанд ва фаъолияти худро танҳо дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

Бо дастрасии моддаи 186.1  Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

ТАЪИН   К А Р Д :

Ба диққати раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод оиди баромадан аз ҳадди ваколатҳои бо қонун муайяншуда аз ҷониби комиссияи босалоҳият таҳти раисии раиси Кумитаи идораи замини ноҳия аз 17 майи соли 2021, барои ҷораҷуӣ расонида шавад.

Оид ба чораҷуии ҳолати мазкур дар муҳлати як моҳ ба Суди Олии иқтисодӣ иттилоъ дода шавад.

Раисикунанда:                                                                   Аминзода З.Т.