Санаи 10-уми октябри соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” вохурии судманд дар толори КВД “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодӣ Нусратуллоев С.А., мудири бахши омор ва ҷамъбастии амалияи судии Суди Олии иқтисодӣ Файзуллозода Х.Т. ва мудири бахши иттиллоот ва рақамикунонии Суди Олии иқтисодӣ Тоҳирзода З.Т. дар назди ҳозирин доир ба мавзуҳои мубрам аз қабили: Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маърӯза намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Напечатать страницу



