Иди “Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муборак бошад!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 5 октябр ҳамчун рўзи ид қайд карда шуда, рўзи корӣ дониста мешавад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имрўз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ тамоми унсурҳои заруриро соҳиб аст, яъне дар тамоми қаламрави Тоҷикистон васеъ истифода мешавад, ҳамчун забони давлатии коргузорӣ аз тарафи тамоми вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ ва дар муносибатҳои байнамилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди корбурди фаъол қарор дорад.

Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рўдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмию адабӣ эҷод намудаанд, муарификунандаи ҳақиқии соҳибони худ-миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ-ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои миллию давлатдории мо мебошад. Барои гузаштагони мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумла мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷасумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тули асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст. Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар рафти дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то имрўзи обод оварда расонад. Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгзорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Муҳимтар аз ҳама, имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Забони адабии тоҷикӣ идомаи забони адабиёти классикӣ мебошад, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи порсӣ, дарӣ ё порсии дарӣ ёд мешавад ва осори зиёди хаттӣ бо он офарида шудааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, забони тоҷикӣ пеш аз татбиқи алифбои арабӣ барои ин забон собиқаи тахминан ҳаштсадсолаи истифодаи расмӣ доштааст. Марҳилаи дуюм осори хаттии бо хати арабӣ таълифёфта мебошад, ки номгўи он ба ҳазорҳо мерасад. Забони тоҷикӣ ва гунаҳои он дар гузашта дорои густариши васеи ҷуғрофӣ буда, наздик будани шеваи нигориши ин осор бо забони тоҷикии мардуми Мовароуннаҳрро борҳо пажуҳишгарон таъкид кардаанд. Оғози рушди қудрату нерў ва дурахшу ҷилои забони тоҷикӣ ба давраи Сомониён рост меояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар асари “Забони миллат – ҳастии миллат” чунин таъкид кардаанд: “Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлатии мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон “Забони тоҷикӣ” ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгў буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо Тоҷикистон мебошад”.

Имрўз нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи шуури миллӣ, омили ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва василаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии ҷанбаҳои фарҳангию маънавии давлатсозӣ, муарифии миллат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар басо чашмрас ва ҳадафманд ба назар мерасад.

Дар васф ва ситоиши забони тоҷикӣ шоир Бозор Собир бисёр хуб гуфтааст, ки:

Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,

То забон дорад, ватандор аст ў,

То забон дорад, бисёр аст ў,

Бешумор аст,

Беҳисоб аст,

Беҳад аст.

Ба ҳамватанони азиз фарорасии иди “Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муборакбод гуфта, ба ҳама дар таъмини истифодабарӣ, ҳимоя ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

Одиназода Ҷонфидо Халил,

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Напечатать страницу Напечатать страницу