Баргузории ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 03.10.2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, ки  барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро маҳз Президенти мамлакат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан намудаанд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.

Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолияти кишварамонро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон маърузаҳои пурмазмуни хешро доир ба бақои забони миллӣ баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу