Маърифати ҳуқуқии занон дар партави паёми пешвои муаззами миллат

Маърифати ҳуқуқии занон барои пешрафти ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад, чунки занҳо таърихан, аз лиҳози мавқеъ ва нақши биологиву физиологӣ, иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ,рисолати модарӣ дар инкишофи таърихии инсоният ҳамеша саҳми муҳим ва ҳалкунанда доранд. Занҳо дар таърихи башар саҳми калон дошта, тағйироти ночиз дар тақдир ва вазъи занон боиси дигаргунӣ дар сохтори ҷомеа ва давлат мегардад.

Имрўз, нақши зан дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ бахусус дар давлатҳои мутараққиву мутамаддин хеле бузург аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба иштироки фаъолонаи занон дар раванди идоракунии корҳои давлативу ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Имрўз пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки фаъолонаи занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Махсусан, иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа баръало ба чашм мерасад.

Таъмини рушди ҳаматарафаи занон дар соҳаи сиёсиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Боби дуюми Конститутсия, ки пурра фарогирандаи ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошад, аз арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Ҳамин тавр, моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад, ки «Ҳама дар назди қонун баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Тавре ки маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои занонро баробари ҳуқуқу озодиҳои мардон кафолат медиҳад ва ҳимоя мекунад. Ташаккули маърифати ҳуқуқии занону духтарон хусусиятҳои худро дорад. Аз ҷумла таъсири анъанаҳои таърихӣ, одату арзишҳои оилавӣ, ахлоқ, шуури динӣ ба вазъи ҳуқуқии занон дар ҳаёти имрўза дар ҳамаи кишварҳо ба мушоҳида мерасад. Айни замон таъсири онҳо ба вазъи ҳуқуқии занон дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Чунончи, ҳолатҳои гуногуни зўроварӣ дар оила, хушунат, табъиз, ба таври сунъӣ маҳдуд намудани озодӣ ва ҳуқуқҳои занону духтарон дар оила, бисёрзанагӣ ва ғайра, ки имрўз низ ба чашм мерасанд, бо унсурҳои хурофотии шуури ахлоқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, одатҳои кўҳна робита доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чораҳои мушаххас меандешад. Барои ҳалли ин масъалаҳо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зиёде қабул гардидааст, ки тибқи онҳо давлат иштироки баробари занонро дар идоракунии корҳои давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат иштироки баробари мардону занонро дар рукнҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра таъмин менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар он меъёре вуҷуд надорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои занонро бевосита ва ё бавосита маҳдуд кунад. Дар ин асос, санадҳои зиёди қонунгузории миллии кишвар дар соҳаҳои гуногун мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ё мувофиқи иҷроиши уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт инчунин, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва васеъ намудани имкониятҳои занон, ки ҷузъи ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад, вориди низоми ҳуқуқии кишвар гардид.

Маҳз кафолати баробарҳуқуқии мардон ва занон дар қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҷасуми худро ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳоеро, ки барои таъмин намудани меъёри мазкури конститутсионӣ равона карда шудааст, амалӣ менамояд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1-уми марти соли 2005 инҷониб амал менамояд.

Дар баробари ин санаи 3-юми декабри соли 1999 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид. Фармони мазкур заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи занон фароҳам овард. Махсусан, дар фармони мазкур зикр карда мешавад, ки ба ҳайси яке аз муовинони роҳбарони  корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, маорифу тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла суд ва прокуратура бояд аз ҳисоби занони соҳибмаълумоту ташаббускор ва лаёқатманд таъин карда шавад.

Дар сархати сеюми фармони мазкур таъкид мешавад, ки давлату ҳукумат , мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла суд, прокуратура, адлия ва дигар сохторҳоро ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур муаззаф мегардонанд.

Яке аз вазифаҳои асосии барномаву қарорҳои қабулшуда ин пеш аз ҳама,  таъмини ҳуқуқу кафолатҳои занон, иштироки баробари мардон ва занон ҳангоми қабул намудани қарорҳо, иштироки бевоситаи онҳо дар идоракунии давлат, кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ яке аз роҳҳои асосии боло бурдани маърифати ҳуқуқии занону духтарон мебошад.

Хусусияти аз ҳама муҳим ин аст, ки масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои занон бо барномарезиҳои пай дар пай бо ҳар як ҳадафҳои таъиншудаи воқеиву саривақтӣ таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси сиёсати Президенти муҳтарам, бунёдгузори сулҳу ваҳдат қарор гирифт. Пешвои миллат, ҳадафҳои ҷомеаи адолатпарварро дар рушди нерўи инсонӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, бо таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа пайгирӣ намуда,баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону ҷавондухтарон, муайян ва таъмин намудани мавқеи арзандаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат яке аз ҳадафҳои афзалиятнок эълон намуд. Имрўз агар як нигоҳи ҳадафгир намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо натиҷа ва самараи ин ҳадафҳои воқеӣ занон сарбаландона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, мақоми арзандаро соҳиб гаштаанд.

Сиёсати давлатӣ доир ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳо бе иштироки баробарҳуқуқи занон дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат самаранок буда наметавонад. Мақоми зан дар ҷомеа чун мақоми зан дар оила барои рушди ҳамаҷониба аҳамияти бузургро дорад.

Дар марҳилаи ҳозира зарур аст, ки доир ба масъалаҳои иштироки занон дар ҷараён ва сохтори қабули қарорҳо, пажуҳишҳои илмӣ дастгирӣ ва амалӣ гардонида шаванд, таъмини дастрасии баробар барои занон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва гирифтани тахассус инчунин ташкил ва пурзур гардонидани фаъолияти мактабҳои сарварӣ ва ғайра лозим аст.

Сарфи назар аз ин дастовардҳо, ҳанўз ҳам нобаробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад. Омилҳои зерин сабаби асосии нобаробарии гендерӣ мебошанд: анъанаҳои муайян, афкори ҷамъиятӣ нисбати занон, махсусан дар минтақаҳои кўҳии дурдаст, ҳамзамон вобастагии иқтисодии духтарон аст.

Афзалияти асосӣ дар бартараф кардани масъалаҳое, ки бо паст будани мақоми зан дар ҷомеа алоқаманданд, пеш аз ҳама бояд ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, таҳаввулот дар шакл ва усулҳои таълим, васеъ намудани шабакаи хизматҳои таҳсилотӣ ва маърифатии занон, фаҳмиши зарурати гирифтани дониш ҳамчун роҳи ягонаи солими иҷтимоигардонии занон, яъне таҳким бахшидани сарвати инсонии давлат мебошад.

Дар интиҳо мехостам иброз намоям, ки баланд бардоштани ҷой ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа ба рушди бемайлони ҷомеа ба нафъи миллат имконият медиҳад. Нерўе, ки зан дорад набояд инкор, балки ба пуррагӣ мавриди истифода қарор гирад.

 

Мутахассиси пешбари Раёсати

коргузорӣ ва назорати Суди Олии

иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Фатоҳзода Меҳрабону

Напечатать страницу Напечатать страницу