30 сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам сараввал ба интизоми меҳнатии кормандони суд диққат дода, таъкид доштанд, ки интизомӣ меҳнатӣ аз ҷонибӣ кормандон ба таври қатъи риоя карда шуда,сари вақт дар ҷойи кор ҳозир шаванд, шахсоне ки ба кор сари вақт ҳозир намешаванд нисбаташон чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Дар анҷом оид ба омода намудани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ, даст назадан ба кирдорҳои корупсионӣ, навиштани протоколҳои маҷлиси судӣ дар муҳлатҳои муқаррар намудаи қонун ва баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Напечатать страницу

