- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ

27 сентябри соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид ба масъалаҳои омӯзиши муқаррароти Кодекси андоз ва машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинар-машварати мазкур намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби муроҷиат ба Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳои андозӣ, рафти иҷрои санадҳои судӣ, тартиби гузаронидани назорати камералӣ, санҷишҳои сайёри андоз ва дигар шаклҳои назорати андоз аз рӯи критерияи хавфҳо ва маҳдудиятҳо ҷиҳати гузаронидани назорати андоз, таъмини иҷрои уҳдадориҳои андоз аз ҷониби субъектони муносибати андоз, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои андозсупоранда ва мақомоти андоз, рақамикунонии низоми андоз, хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, тартиби пешниҳоди эъломияи андози даромад ва вазъи молу мулкӣ (хизматчиёни давлатӣ) баромадҳои пурмазмун доир намуданд.

Инчунин муовини раис дар машғулияти семинарӣ вобаста ба маълумотнома оид ба шумораи баррасии аризаҳо ва шикоятҳо, рӯёнидани маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарар, ташвиқоту тарғибот ва эътирофҳои иҷрои судҳои хориҷаро хонда, таъкид намуд, ки парвандаҳои дар истеҳсолот бударо сари вақт, қонуни баррасӣ намуда, сифати таҳияи санадҳои судиро баланд бардошта, қабули шаҳрвандон, иҷрои санадҳои судиро назорат бурда, мурофиаҳои сайёр ва таъинотҳои хусусиро зиёд намоянд.

Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ мебошад ва тибқи Нақшаи тасдиқгардида охири ҳар моҳ бо ҷалби раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе семинарҳои илмию амалӣ баргузор карда мешавад.