Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, дар мавзӯи «Нақши забони давлатӣ дар эҳёи миллат» мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Аминзода З.Т. оғоз намуда қайд карданд, ки забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлатии миллӣ маком ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Маҳз ин омил бонс гаштааст, ки мардуми шарафманди бузурги миллати тоҷик бо иродаи қавии худ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистонро забони тоҷикӣ эътироф ва муқаррар намудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи рушду такомули ҷомеа, пайдоиши муносибатхои нави ҷамъиятӣ зарурияти қабули қонуни нав ба миён омада, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» кабул гардид, ки он ваъзи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ба сифати забони давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озодонаи дигар забонҳоро, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар муошират ҳастанд, таъмин менамояд.

Бо назардошти муҳимияти мавзӯи мазкур дар мизи мудаввар бори дигар паҳлухои мухталифи Қонуни мазкур аз ҷумла ташаккули забони қонунгузорӣ ва проблемаҳои ҷоӣдошта, риояи қонуни забони давлатӣ дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа судяи Суди Олии иқтисодӣ Камолзода Раҳматулло дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи забои”, судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода Саидо дар мавзӯи «Забон рукни асоситарини давлатдорӣ» ва судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сафарзода Носирхон дар мавзӯи «Мақоми забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуда, иштирокчиёни ин мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои зикргардида гаърихи мақоми давлатӣ пайдо намудани забони тоҷикӣ, танзими вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва дигарҳо масаъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд.


