- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Нақши ҳокимияти судӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 бо мақсади таъмин ва амали гардидани волоияти қонун ҳамчун василаи муҳими татбиқи қонунгузории мамлакат ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон махсус таъкид шуд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Воқеан тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёдро мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, яъне маърифати ҳуқуқии комил ташкил менамояд.

Бояд қайд намуд, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият эҳсос намоянд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ин раванд боиси баланд гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо маърифати сиёсӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари маърифати инсон бояд анҷом дода шавад. Маърифати ҳуқуқӣ бо назардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар ва кафолат дода шудааст.

Роҳҳои боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 муайян карда шудаанд. Аҳамияти маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақши маърифати ҳуқуқии зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 собит мегардад.

Дар амалӣ гардидани ин ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ мақомоти  судӣ низ иштирок мекунанд. Тавре дар Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ 21 ноябри соли 2019 таъкид гардид: «Ҷиҳати иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тавассути ташвиқу таблиғ намудани аҳолӣ ба риояву эҳтироми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва истифода аз воситаҳои ахбори умум тадбирҳо андешида шаванд. Чунин тарзи кор метавонад дар пешгирии ҷиноят ва тарбияи ҳуқуқии мардум бештар таъсиргузор бошад».

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ – фаъолияти мақсаднок ва мунтазами мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, аз он ҷумла муассисаҳои таҳсилотӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, инчунин, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бевосита шаҳрвандон мебошад, ки бо мақсади паҳн намудани дониши ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ ба роҳ монда мешавад. Дар иҷрои ин вазифа мақомоти судӣ низ иштирок мекунанд.

Саҳми њокимияти судӣ дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи боварии аҳолӣ ба ҳокимияти судӣ, аз ҷумла эътиқоди шаҳрвандон ба низоми судӣ аҳамияти муҳим дорад.

Имрўз дар таҷрибаи судии давлатҳои ҳамсоя шаклҳои гуногуни иштироки судҳо дар болоравии сатҳи  маърифати ҳуқуқии аҳолӣ истифода мешаванд, ба мисли мурофиаи ошкорои судӣ, иштироки воситаҳои ахбори омма дар мурофиаи судӣ, мурофиаи сайёри судӣ ва  лексияҳо, семинарҳо, конференсияҳо бо иштироки судяҳо, омода намудани воситаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.

Аҳамияти мурофиаҳои сайёри судӣ дар Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ 21 ноябри соли 2019 таъкид гардид. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: «Бо мақсади таъмин кардани самаранокии корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риоя ва эҳтироми қонунҳо ва ба маълумоти мардум расонидани ҳолатҳои ба ҷинояту қонуншиканиҳо даст задани шаҳрвандон, таҷрибаи дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намудани парвандаҳо густариш дода шавад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зерин ба иштироки њокимияти судӣ дар болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунанд ин:  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»; роҳандозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, № 1242 тасдиқ шудааст; дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба аҳолӣ; таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ; маҷлисҳои сайёри судӣ; иштироки судяҳо дар тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ; баромадҳои судяҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, алалхусус, муассисаҳои таҳсилотӣ мебошад.

Пас, ҳар кадоми мо бояд дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони худ саҳм гузорем, то дастурҳои Сарвари давлатро ҳар чӣ зудтар амалӣ намоем, зеро анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

 

Ёрдамчии Судяи Суди Олии иқтисодии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              А.Рафиқзода