Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст»
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хатари муосири терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ мебошад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ин ҳолат таҳдид ба амнияти ҷомеа аст.
Терроризм, мавқеи сиёсӣ ва иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ, инчунин ҷаҳонбинии шахс пайвандӣ дорад. Таассуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгарост. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Онҳое, ки дониши кофии динӣ надоранд, фавқулода хатарнок ҳастанд.
Тайи чанд соли охир террористон аз расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ истифода – мекунанд. Воситаи ахбори омма дар навбати худ тарс ва ваҳшатро дар зеҳни одамон ҷо менамояд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонад. Мутаассифона, имрӯз терроризм дар асоси паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамояд. Бино ба тахдиди дақиқ ва ҳамаҷониба, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро афроди мазҳабӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарини он терроризми мазҳабӣ маҳсуб меёбад.
Хусусияти дигари терроризм дар он зуҳур меёбад, ки танҳо ба масъалаи «уммат»-и исломи аҳамият медиҳад. Ин гурӯҳҳо барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд. Хушунат, куштани мардумони бегуноҳ, даҳшатафканӣ, такони равонӣ, ангезаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, шахсӣ, иқдомоти ғайриқонунӣ, баъди амали террористӣ содир кардани эъломия ва ба уҳда гирифтани масъулияти амали террористӣ, кӯшиши самтбахшии афкори омма ҷанбаҳои асосии терроризм мебошанд. Он ҷое, ки беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуд аст, он ҷо терроризм реша медавонад. Одатан террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Эътиқод ва афкори ифротӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ доранд. Узвият дар созмонҳои террористӣ осон нест, ҳамин тариқ баромадан аз ин гурӯҳҳо низ хеле хатарнок аст.
Коршиносон терроризмро дар баробари терроризми давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ буданаш, инчунин ба терроризми сиёсӣ, мазҳабӣ, миллатгаро, ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ ҷудо менамоянд. Масалан, наркотерроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадиди миёни қочоқбарони маводи мухаддир, сарчашма мегирад. Дар вақти киштукор, ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо тезутунд мешаванд. Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода шудааст. Бераҳмтарин навъи терроризм, терроризми мазҳабист. Террористони мазҳабӣ дар динҳои ислом, масеҳият, яҳудият, ҳиндуизм ва буддизм ба ҷараёнҳои ифротӣ мансубанд. Кибертерроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро васеъ ба роҳ мемонад. Терроризми ҳастаӣ бошад, кӯшиши ба даст овардан ва истифода намудани силоҳи қатли омро дорад. Ба гунаи мисол, кормандони гумруки Канада солҳои 1993 ва 1995 ду нафарро, ки бо худ заҳри Ресану Бутулин доштанд, дастгир карданд. Ин маводи тарканда метавонист миллионҳо нафарро қурбон кунад. Баъзе гурӯхҳои террористӣ силоҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти миллӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузорад.
Эътиқоди динӣ ва мазҳабии мардум мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи созмонҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопокашон истифода мешавад. Воқеияти зиндагӣ тақозо менамояд, ки одамон новобаста аз эътиқод ва мансубияти қавмию нажодиашон бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо муттаҳидию ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.
Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои террористӣ дар ҷаҳон ва минтақа таваҷҷӯҳи хос дорад.
Президенти кишвар борҳо таъкид менамояд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ дода, барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва миллат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамзамон, дар ин баробар дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯйе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Cардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Вализода Ф.