“Истиқлол” ё “истиқлолият” дар навишт ва гӯиш ҳамагӣ аз чанд ҳарф иборат аст. Онро ҳар кас, ки сухан мегӯяд ва ҳарфҳоро мешиносад, ба осонӣ метавонад сари забон биёрад, ё нависад.
Аммо ин таъбир дар худ ормонҳоро дошт, муборизаи фаровонро тақозо мекард. Ҳоло ҳам халқу миллатҳое кам нестанд, ки дар орзуи озодӣ ва истиқлоланд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, ки донишмандон навиштаанд, фақат ҳудуди 3% аз ҳамаи қавму халқҳои мавҷуда ва ҳудуди 8-10% аз халқу миллатҳои пойдори ҷаҳон соҳиби давлатҳои худанд. То ҳанӯз дар ҳудуди кишварҳои бузург садҳо халқу миллият зиндагӣ мекунанд ва ҳарчанд аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ бархӯрдоранд, аммо соҳиби давлати милливу мустақили худ нестанд.
Пас метавон ифтихор ва шукр кард, ки мо тоҷикон ҳоло соҳибдавлатем. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш кард, ки ин истиқлоли давлат дар паи чӣ ҷонбозиҳое ҳосил гардид.
Дуруст аст, ки тоҷиконро дар ҷаҳон ба сифати як миллати кӯҳанбунёд мешиносанд. Ниёгони мо ташкилкунандаи аввалин давлатҳо ва нахустин империяҳо дониста мешаванд. Ҳарчанд баъдан аз тахт маҳрум шуданд, аммо ҳамон тавре дар таърихномаҳо мехонем, тоҷикон бо донишу заковати хеш аҷнабиёнро идора менамуданд, тамоми сиёсати дохилию хориҷии давлатҳои ғосиб ба дасти онҳо мечархид. Худи ғосибон ҳам инро иқрор мешаванд. Аз ҷумла халифа Абдумалик навишта буд: “Ориёиён як ҳазор сол фармонравоӣ карданду ҳатто як соат ба мо мӯҳтоҷ набуданд ва мо сад сол ҳукм рондем, вале натавонистем, ки худро як соат аз онҳо бениёз гардонем”.
Хулоса, дар раванди пурталотуми таърих ҳарчанд ба шикасту бохтҳои азим рӯ ба рӯ шуда, давлатҳои миллии хешро аз даст додем, аммо ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ изҳор медоранд: “Бар зидди дами шамшери забткорон бо шӯълаи ақлу бо қалами бурро мубориза бурда, қаламаш шамшери бегонагонро хам кард, сафшиканони истилогарро бо шеъру адабиёт, илму маърифати худ ошно намуд, аз гирдоби хунин ва ҳалокатбори ҳодисаҳо ба соҳили умеду орзуи ҳазорсола расид”.
Ҳамин тавр, аз замони суқути давлати Сомониён то ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёгонамон ҳарчанд дар таркиби тамоми давлатҳои ташкилшудаи ин сарзамин ҳузур доштанд, аммо идоракунии сиёсии давлат дар ихтиёрашон набуд. Бо ҳамин сабаб, гуфта мешавад онҳо истиқлолияти сиёсии давлатӣ надоштанд ва бархе муҳаққиқон ба истиқлол расидани Тоҷикистонро дар соли 1991 марҳалаи бозгашти дубораи истиқлол ном бурдаанд.
Аз ҳамин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва кӯҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд.
Бадбахтона ин марҳалаи таърихӣ низ барои тоҷикон осон даст надод. Зеро дар оғози худ аз ҳаводиси фоҷиабор пур шуд. Бубинед ин раванд чӣ гуна оғоз гирифт. 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон гардид. Аммо дар ин муддат бо дарназардошти фоҷиаҳои вобастагиҳои муайяне, ки дар Тоҷикистон рух доданд, имкон нашуд дар бораи истиқлоли давлат ҷиддитар фикр кунанд, тасмим бигиранд. Дар натиҷа танҳо соле баъд, яъне 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Бадбахтона дар паи хиёнати шахсияту созмонҳои мушаххас кишвари тозаистиқлол ба тӯфони нооромиҳо рӯ ба рӯ шуд. Натиҷаи он ҷанги таҳмилӣ барои кишвари мо беш аз 150 ҳазор нафар кушта, зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисороти молӣ ба дунбол дошт ва 50 ҳазор кӯдакро ятиму бесаробон гардонд.
Маҳз дар чунин як давраи тақдирсоз дар ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти таърихие ба роҳбарӣ омад, ки бо дилпурӣ гуфтан мумкин ӯ ба бунёди зиндагии нав ва эҳёи кишвар санги асос гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳое, ки Тоҷикистон дар гирдоби кашмакашҳои дохилӣ буд, ҳамчун роҳбари хирадманду дурандеш на фақат дар фикри нуқта гузоштан ба ҷанги бародаркуш ва истиқрори сулҳ дар кишвар буданд, балки тақдири ояндаи миллатро ҳам дар назар доштанд.
Дар маҷмӯъ, аз рӯзҳои аввал ду арзиши бунёдии бақои миллат – сулҳ ва ҳифзи истиқлол, ба асоси фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон табдил шуда, заминаи оғози равнади музокироти сулҳи тоҷикон, паси сар намудани марҳилаҳои мураккаби сулҳофарӣ, истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон гардид.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳуда таърихӣ ва тақдирсоз намегӯянд. Дар ҳақиқат, то ин Иҷлосия Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия надошт. Роҳбари ҷавону дурандеш ҳамчунин тавонист дар муддати кӯтоҳ бо душвориҳои зиёд артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро созмон диҳад ва устувор гардонад. Тоҷикистон бевосита пас аз ин Иҷлосия ва раҳбарии кишварро ба зимма гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Дӯстӣ», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма – Қароқурум, роҳи оҳани паҳнбари Қӯрғонтеппа – Кӯлоб аз иқдомҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо ёфтанд. Акнун имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дарсад беҳтар гардад.
Сохтмони аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин лоиҳаи Пешвои миллат аст, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ба он сахт иртибот дорад.
Дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон моро ҳамчун кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим шинохтанд. То ин замон панҷ пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби созмони муътабартарини дунё – СММ пазируфта шудааст. Аз ҷумла, ташаббуси панҷум 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо тарафдории 153 кишвари аъзо дар соҳаи обу иқлим пазируфта шуд. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол, рӯзи 21-уми марти ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.
Дар заминаи ин гуна қаҳрамониҳо таҳлилгарон мегӯянд, алҳол мафҳумҳои Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам муродифанд. Ин воқеият аст, ки Пешвои миллат заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Дар натиҷа руҳияи истиқлолхоҳии мардум, ки дар гирудори солҳои 90-уми асри ХХ коста шуда буд, дубора устувор гашт. Барои ҳамин инсофан мегӯянд: «Эмомалӣ Раҳмон поягузори Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст» ва «Истиқлолияти асосиро Тоҷикистон пас аз иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон соҳиб шуд».
Қутбиддин Муминзода,
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон