- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳост.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳост.

Миллати тоҷик имрӯз дар арафаи ҷашнгирии 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ доир ба Истиқлолияти давлат зикр менамоянд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру саҳибдавлатӣ тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад»

Истиқлолият ҳадафҳои муайянеро дар худ дорад, ки яке аз ҳадафҳои ибтидоии он бунёди давлати миллӣ, устувор намудани марзҳои сиёсиву ҷуғрофӣ, рушди босубот ва робитаҳои амну осоиштаи шаҳрвандон дар дохили кишвар мебошад. Хушбахтона, давлати маҳбубамон — Тоҷикистон дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ бо шарофати талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти худро бо маънои томаш ҳифз ва мустаҳкам нигоҳ доштааст.

Баъди ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ муайян ва эътироф гардид.

Истиқлолият барои рушду такомули арзишҳои аслии миллӣ заминаи мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимову фарҳангӣ муҳайё намуд.

Дар раванди рушду такомули давлатдории миллӣ даврони наве падид омада, бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои миллии давлатдорӣ аз нав эҳё гардидаанд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт”. Ин падидаро бояд ҳамчун самараи сиёсати оқилона ва пайгиронаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мамлакати соҳибистиқлолу мустақили худ арзёбӣ намоем.

Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки дар зарфи 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бо амалӣ шудани сиёсати миллии давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом расонидааст, ки ҳамаи онҳоро наметавон дар як мақола ном бурд.

Нахуст бояд зикр намуд, ки барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва нигаҳдошти якпорчагии марзу бум қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифодаи комил қарор гирифтани он мебошад. Зеро барои расидан ба як давлати миллии комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия таъмин намояд. Банобар ин, соли 1994 якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби оммаи халқ нишони эътирофи ҳукумати қонунӣ ва соҳибистиқлолиро далолат менамояд.

Дувум, дар даврони истиқлол судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи сохтори марзиву маъмурӣ низоми суди иқтисодӣ аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳои Суѓд, Хатлон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе иборат мебошанд. Низоми судҳои иқтисодӣ ҳамчун мақомоти судии юрисдиксияи махсус буда,  баҳсҳоеро, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ бармеоянд, баррасӣ менамоянд.

Хушбахти дар он аст, ки дар ин даврони истиқлолият дар ҳокимияти судӣ пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас дида мешавад.

Чунончӣ, дар тӯли ин солҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 қайд намуда буданд, ки бо мақсади рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судӣ масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шавад ва дар заминаи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №271 аз 23 июни соли 2007 ба тасвиб расидааст. Барномаи аввал дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохтори нави судӣ, коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсиси вазифаи коромӯз-судяҳо, амали намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва дар ин замина таҳкими ҳокимияти судӣ нақши сазовор бозид.

Таҳияи барномаи нави ислоҳоти судӣ бо мақсади такмили минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби Президенти кишвар маҳз дар соли 2009 мувофиқи мақсад дониста шуда буд.

Дар ин даврони истиқлолият боз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 қабул шуд. Ин Барнома идомабахши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 таҳия гардидааст. Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин имкон дод, ки дар баробари таҳким бахшидани сиёсати гуногунҷабҳаи давлатдории миллӣ сиёсати берунии кишвар низ тараққӣ ва густариш намояд. Роҳбари давлат бо назардошти воқеъияти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро таҳрезӣ намуданд. Дар моддаи 11 Конститутсия сиёсати хориҷии кишвар ба тариқи зайл муайян гардидааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди ин ҷониб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқиву Ҷанубӣ ва ғайра густариш ёфтанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат бамаврид иброз намуданд, ки «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад». Ин суханон, ки бешубҳа ба густариши равобити байналмилалӣ дахл доранд, сиёсати миллии тоҷиконро дар худ побарҷо нигаҳ дошта, бо он ҳамкориҳои созандаи бунёдӣ офарида шудаанд, ки худшиносии миллати тоҷикро дар тӯли таърих нигоҳ медорад ва ҳамин аст, ки сиёсати муваффақ ва созандаи хориҷии имрӯзаи Тоҷикистон бо 140 кишвари олам робитаҳои ҳасана ва дипломатӣ барқарор намудааст.

Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони истиқлолият ҷомеаи навини мо дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи Пешвои миллат фаъолона ширкат намуда, тавонист дар роҳи рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузорад ва пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир таъмин намояд.

Ин ҳама падидаҳои мусбат боиси он гардидааст, ки мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қавитар ва таҳқиқу омӯзиши истиқлолият ва ҳифзу таҳкими рушди босуботи он барои дигар давлатҳои аз ҷиҳати тарақиёт ва амну осоишта заиф омӯхта шавад.

Ёрдамчии Судяи Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         А.Рафиқзода