Рушди судҳои иқтисодӣ дар даврони Истиқлолият

Рушди судҳои иқтисодӣ дар даврони Истиқлолият

Бо эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омад. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад.

Тӯли 33 соли Истиқлолият бо ташаббус, роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлатӣ таҳкиму рушд ёфта истодаанд.

Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ сурат гирифта буд, қабули Конститутсияи мамлакатамон мебошад. Конститутсия ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳвандонро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кард.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешравӣ ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузаронад.

Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд.

Бинобар ин, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст.

Дар кишвари мо давоми солҳои истиқлолият ислоҳоти иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ паҳлӯ идома ёфта истодаанд.

Баробари қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар ҷумҳурии мо ҳокимияти судӣ низ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбӣ таъсис дода шудаанд.

Сараввал ислоҳоти системаи судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иваз гардидани мақомотҳои арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва баъдан судҳои иқтисодӣ ташкил карда шуда, ба раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил баҳри таъмин намудани адолати судӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ суръат бахшид. Зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ дар соли 1995, ба вуқӯъ омад ва ду санади нав: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси ҳуқуқии тартиби сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ буданд, қабул карда шуданд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақоми комили пурраи ҳокимияти судӣ ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбароии адолати судиро аз рӯи парвандаҳои хоҷагӣ ба зиммаи мақомоти судӣ вогузоштанд.

Таҷриба нишон дод, ки дар даврони истиқлолият судҳои иқтисодӣ тавассути баррасию ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ барои устувор гардидани пояҳои иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани  буҷети давлатӣ, фаъолияти муназзаму босамари ташкилоту идораҳо, хусусан бахши соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва ниҳоят дар роҳи риояи қонуният нақши муҳим бозид.

Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмини мустақилияти иштирокчиёни мурофиа ва ба таври мубоҳисавӣ гузаштани мурофиаи судӣ, васеъ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини кафолати истифодаи самараноки ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро пешбинӣ намуд.

Давоми солҳои истиқлолият Кодекси мурофиавии иқтисодии мамлакат мунтазам такмил дода шуда, дар таъмини адолати судӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятӣ бобати боло рафтани мақоми судҳои иқтисодӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намуда истодааст.

Фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолият маҳз бо мақсади баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва таъмин намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисодиёт равона карда шудаанд, ки дар раванди рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат якчанд Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда қабул гардидаанд.

Мақсад аз таҳияи барномаҳои мазкур аз таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин макаммал намудани қонунҳо иборат мебошад.

Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, мустаҳкам гардидани мустақилияти судяҳо зиёд шудани масъулияту ҷавобгарии онҳо ва таъмини минбаъдаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд такони ҷиддие бахшиданд.

Лозими ба ёдоварист, ки судҳои иқтисодии мамлакат ҳамчун дастоварди даврони истиқлолият дар оянда низ баҳри боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани ҳаёти иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи соҳибкорӣ ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтидори  иқтисодии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ фаъолият мебаранд.

Дар охир бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастам, ки дар остонаи 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамаи кормандони судҳои иқтисодӣ рисолату асолати давлатдории миллиро бо пуррагӣ дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азизамон нерӯю дониши худро дареғ намедонард.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

 

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҷабзода Парвина Шариф

Напечатать страницу Напечатать страницу