- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Субъектҳои ҳуқуқи маданӣ

СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ МАДАНӢ

Ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи мустақили низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк вобаста ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк новобастаро ба танзим медарорад.

Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи маданиро субъектҳои он меноманд. Субъектҳои ҳуқуқи маданӣ шахсони воқеӣ, яъне шахрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, яъне ташкилотҳо, ширкатҳо, ҷамъиятҳо шуда метавонанд.

Шахси воқеӣ. Таҳти мафҳуми шахси воқеӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ, инчунин шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад. Шаҳрвандон ҳамчун иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ мебошанд. Қобилияти соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ буданро қобилияти ҳуқуқдории маданӣ меноманд. Чунин қобилият мувофиқи қонун барои ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар эътироф карда мешавад.

Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуди ӯ оғоз меёбад ва баъд аз вафоташ қатъ мегардад. Аз ин нуқтаи назар, дар баробари калонсолон, наврасон низ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ мебошанд. Ҳар як шаҳрванд метавонад соҳиби молу мулк бошад, аз бинои истиқоматӣ истифода барад, мерос гирад ва молу мулкашро васият намояд, инчунин, соҳиби ҳуқуқи муаллифи асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат ва соҳиби дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкӣ бошад. Ноболиғи то синни 18-сола метавонад соҳибихона, мошин, амонат дар бонкҳо бошад, вале ӯ ба истиснои ҳолатҳои муайяннамудаи қонун ҳуқуқи фурӯхтан, иваз намудан, туҳфа кардан ва амсоли онҳоро то расидан ба синни муайян (балоғат) надорад. Барои ин соҳиби қобилияти амалкунӣ будан лозим аст. Бинобар ин, қобилияти ҳуқуқ дориро аз қобилияти амалкунии маданӣ фарқ бояд кард. Қобилияти амалкунии маданӣ гуфта, қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст овардани ҳуқуқҳои маданӣ ва барои худ ба вуҷуд овардани уҳдадориҳои маданиро меноманд. Шаҳрванд метавонад молу мулк, хона, яхдон ва дигар молу мулкро барои моликияти шахсии худ харад. Дар чунин сурат ӯ дорои ҳуқуқ ба молу мулк мегардад ва агар онро барои истифодаи муваққатӣ ба шахсони дигар диҳад, он гоҳ ҳуқуқ ва уҳдадории худро тағйир медиҳад. Дар сурати фурӯхтани молу мулки худ ҳуқуқи соҳибмулкии худро қатъ мегар- донад.

Дорои қобилияти амалкунии ҳуқуқ будан на танҳо қобилияти баамалбарории ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, балки ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии маданиро низ дар бар мегирад, зеро шаҳрванде, ки ба балоғат расидааст, барои тамоми амалиёти зиддиҳуқуқиаш шахсан ҷавобгар мебошад. Қобилияти пурраи амалкунии маданӣ баробари ба балоғат расидан, яъне аз синни 18-солагӣ, пайдо мешавад, вале дар мавридҳое, ки шаҳрванд то синни 18-солагӣ ба никоҳ медарояд, қобилияти амалкунӣ дар ҳаҷми пуррааш аз вақти ба никоҳ даромадан пайдо мешавад. Ҳамзамон бо ин, дар мавриди эмансипатсия, яъне ҳангоме, ки ноболиғ ба синни 16-солагӣ расида, тибқи тартиботи меҳнатӣ, аз ҷумла аз рӯйи қарордод кор кунад ё бо ризояти падару модар, фарзандхондагон ё парастор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, он гоҳ ӯ дорои қобилияти пурраи амалкунӣ эътироф карда мешавад.

Шахсони воқеӣ метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Тартиби бақайдгирии шахсони воқеие, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. Шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ҳуқуқ надоранд нисбат ба аҳди бастаашон истинод намоянд, ки онҳо соҳибкор намебошанд. Суд нисбат ба чунин аҳд қоидаҳои Кодекси маданӣ оид ба уҳдадориҳое, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ менамояд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро ташкил намоянд.

Шахси ҳуқуқӣ. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагӣ ё идоракунии оперативӣ молу мулки алоҳида дошта, аз рӯйи уҳдадориҳои худ бо ин молу мулк ҷавобгар бошад, тавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, амалӣ намояд, уҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Шахси ҳуқуқӣ бояд тавозун ва (ё) харҷномаи мустақил дошта бошад. Шахсони ҳуқуқӣ вазифа ва функсияи худро ҳамчун субъекти муносибатҳои маданӣ ба амал мебароранд. Корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳо ва амсоли онҳо ба сифати шахси ҳуқуқӣ баромад мекунанд. Барои шахси ҳуқуқӣ эътироф шудан ташкилот бояд дорои аломатҳои муайян бошад. Ин аломатҳо чунинанд:

а)  ягонагии ташкилӣ. Ҳар як шахси ҳуқуқӣ аз коллективи меҳнатӣ иборат буда, сохтори муайяни дохилӣ (қисми таркибӣ, филиал ва ғ.) дорад, тартиби идоракунӣ, истифодабарии молу мулк, фаъолияташро мувофиқи оиннома ва шартномаи таъсисдиҳӣ ба роҳ мемонад. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ, ягонагии ташкилии шахси ҳуқуқӣ мебошад.

б)  молу мулки алоҳида доштан. Шахсони ҳуқуқӣ молу мулк, ашё, маблагҳои пулӣ, саҳмия, тавозун ва бароварди мустақил доранд, ки асоси иқтисодии фаъолияти онҳо мебошанд.

в)  ҷавобгарии мустақили молумулкӣ. Дорои чунин аломат будан аз мустақилияти молумулкии шахси ҳуқуқӣ ҳосил мешавад. Барои уҳдадорие, ки шахси ҳуқуқӣ дорад, худи ӯ ҷавобгар мебошад. Вай ин уҳдадориро дар назди қарздиҳанда аз ҳисоби воситаҳои худ иҷро менамояд.

г)  дар муомилоти гражданӣ аз номи худ баромад кардан. Ҳар як шахси ҳуқуқӣ дорои ном, номи фирмавӣ ва тамғаи молӣ мебошад. Дар муомилоти гражданӣ аз номи худ иштирок намудан ба шахси ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст дарорад, уҳдадориҳоро ба ҷо оварда, дар суд, суди ҳакамӣ даъвогар ё ҷавобгар бошад. Ҳамаи чор аломати номбаршуда дар ягонагӣ ҳуқуқ медиҳад, ки ин ва ё он ташкилот шахси ҳуқуқӣ эътироф карда шавад. Шахсони ҳуқуқӣ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ мебошанд. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии шахси ҳуқуқӣ дар як вақт ба вуҷуд омада ва дар як вақт қатъ мегардад. Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайд гирифтани оиннома ё шартномаи таъсиси он ба вуҷуд меояд.

Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ умумӣ ва махсус мешавад. Қобилияти ҳуқуқдории умумӣ хусусияти истисноӣ дошта, танҳо ба ташкилотҳои тиҷоратии ғайридавлатӣ татбиқ мегардад. Қобилияти ҳуқуқдории махсус ба ташкилотҳои тиҷоратии давлатӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дахл дорад. Шахси ҳуқуқӣ бо амалҳои худ ҳуқуқ ва уҳда- дориҳои маданиро ба даст меоварад, онҳоро тағйир медиҳад, амалӣ ва иҷро менамояд, ки ин мазмуни қобилияти амалкунии онро ташкил медиҳад. Шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба шакли моликият ба давлатӣ ва ғайридавлатӣ (хусусӣ) ҷудо мешаванд. Ба шахсони ҳуқуқии давлатӣ корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ дохил мешаванд.

Бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ маънои қонунигардонии ташкил ва фаъолияти онҳоро дар давраи мавҷудияташон дар доираи муайяннамудаи қонун ва санадҳои таъсисӣ дорад. Тартиби ҳатмии бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи мақоми ваколатдор тавассути дохил намудани маълумот дар бораи бақайдгирӣ ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад. Бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқиро мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар худи ҳамин муддат амалӣ мегардонанд.

Агар пас аз ба охир расидани 24 соат мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ қабул накарда бошад ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро надода бошанд, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд фавран пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ворид созанд ва ба аризадиҳанда дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ Шаҳодатнома диҳанд ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристанд.

Ёрдамчии муовини раиси
Суди Олии иқтисодӣ                                                                            Самиев Ф.Ҳ.