Таъиноти хусусӣ

Т а ъ и н о т и      х у с у с ӣ

ш.Душанбе
19 июни соли 2024

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Саид  С., бо котибии Тоҳирзода З. дар маҷлиси ошкорои судӣ аризаи даъвогии ҶСП “ПШ” бо ҷавобгарии филиали ҶСК “Шабақаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” (собиқ Шабақаҳои барқии марказии ноҳияи Ш.), шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш., Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш., КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ш., Нозироти андози ноҳияи Ш., Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба бартараф намудани монеагӣ ба баргардонидани зеристгоҳи барқии “Д.” 35/10 кв. ба тавозуни ҷамъият, бо иштироки тарафҳо баррасӣ намуда,-

М у а й я н     к а р д :

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогии ҶСП “ПШ” дар боло зикргардида баррасӣ намуда, бо ҳалномаи суд аз санаи 19 июни соли 2024 аризаи даъвогии мазкур  бо сабаби беасос ва бо сабаби гузаронидани муҳлати даъво рад карда шуд.

Дар мурофиаи суди муайян гардид, ки бо қарори  Раиси ноҳияи Ш. аз санаи 12 октябри соли 2006 таҳти №000 “Дар бораи вобаста намудани қитъаҳои замини зери майдон ва иморату иншоотҳои зеристгоҳҳои барқии ноҳияи ба Шабақаҳои барқии марказӣ” пешниҳодҳои раисони мақомоти заминсозии ноҳия аз 23.09.06 №318, деҳоти С. аз 17.08.06 №174, шаҳраки О. аз 17.08.06 №42, шаҳраки Ш. аз 12.08.06 №188 “Дар бораи вобаста намудани қитъаҳои замини зери майдон ва иморату иншоотҳои зеристгоҳҳои барқии ноҳияи ба Шабақаҳои барқии марказӣ” ба инобат гирифта, санади комиссия аз 11.08.06 “Оид ба вобаста намудани қитъаҳои замини зери майдон ва иморату иншоотҳои зеристгоҳҳои барқии ноҳия ба шабақаҳои барқии марказӣ” тасдиқ карда шуда, ба Шабақаҳои барқии марказӣ қитъаи замин ба масоҳати 0,83 га,аз он 0,51 га зери сохтмон,0,32 га зери майдон барои истифодаи бемӯҳлат вобаста карда шуд.

Тибқи талаботи қарори мазкур  Шабақаҳои бақии марказии ноҳияи Ш. соҳиби Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин бо истифодаи бемӯҳлат дараҷаи А№000000 шуда, Сертификати мазкур дар Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №9144 санаи 20.06.2008 ба қайд гирифта шуд. Тибқи он ба заминистифодабаранда-Шабақаҳои барқии марказӣ 0,18 га замин барои зеристгоҳи барқии шаҳраки О., яъне зеристгоҳи барқии “Д.” 35/10 кв. вобаста карда шуд.

Қарори Раиси ноҳияи Ш. аз 12 октябри соли 2006  таҳти №000 эътибори қонунӣ дошта, мавриди иҷроиш қарор дорад.

Намояндагони даъвогар ҶСП “ПШ” дар маҷлиси судӣ тасдиқ намудаанд, ки аз соли 2009 кормандони Шабақаҳои барқии марказӣ навбатдории худро дар зеристгоҳи “Д.”-35/10 кв. таъин намуда, истифодаи ин зеристгоҳро пурра зери назорати худ гирифтаанд.

Аммо, дар маҷлиси судӣ муайян гардид, ки бо қарори Раиси ноҳияи Ш. аз 26 октябри соли 2018 таҳти №856 “Дар бораи азнав вобаста намудани қитъаи замини зери майдон ва иморату иншоотҳо ба ҶСП “ПШ” ин қитъаи замини зеристгоҳи “Д.”-35/10  дар қатори дигар қитъаҳои замин масоҳати умумиаш 125,40 га, бемӯҳлат азнав ба ҶСП “ПШ” вобаста шуд, ки боиси пайдо шавии баҳси ҳуқуқи истифодаи замин ва худи зеристгоҳ байни Шабақаҳои барқи марқазӣ ва даъвогар ҶСП “ПШ” гардид.

Намояндагони Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ноҳияи Ш.  мавҷудияти ду қарори раиси ноҳия, ки ба ҳам дигар мухолифанд, тасдиқ намудаанд.

Аз ин лиҳоз маълум мегардад, ки қарори Раиси ноҳияи Ш. аз 26 оқтябри соли 2018 бе назардошти қарори раиси ҳамин ноҳия аз 12 октябри соли 2006 таҳти №000, ки эътибори қонунӣ дорад, қабул карда шуда,сабаби пайдо шавии баҳси судӣ гардид. Даъвогар маҳз ба қарори мазкур такя намуда, аз тарафи КДФ “БММҒ” ноҳияи соҳиби шиносномаи техники ба зеристгоҳи “Д.” -35/10 кв шуда, даъвои худро асоснок намуд.

Ҳолате муайян гардида шаҳодате он аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш. бар хилофи талаботи моддаи 5-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои бо қонун ба мақомоти маҳаллӣ дода шуда, бе санҷиши пурраи корҳои заминсозӣ ва мониторинги замин,бе назардошти ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон, қарори оид ба азнав вобаста намудани қитъаҳои замин ба ҶСП “ПШ” қабул намудааст.

Чи тавре қайд гардид, бо ҳалномаи суд даъвои даъвогар рад карда шуд, зеро муайян гардид, ки зеристгоҳи баҳси дар тавозуни ҷавобгар Филиали ҶСК”Шабақаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ” қарор дошта, аз тарафи он  мақсаднок истифода дода шуда, бо кормандони худ таъмин карда шуда, ҳам аҳолии ноҳияи Ш. ва ҳам аҳолии шаҳри Т. бо барқ таъмин менамояд.

Инчунин маълум гардид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2021 таҳти №183 дороиҳои ҶСП “Парандапарвари Ш.” ба моликияти давлат гузошта шудааст.

Дигар он, ки  даъвогар баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ пас аз қабули қарори Раиси ноҳияи Ш. аз 12 октябри соли 2006 таҳти №000 ва берун кардани аз тарафи ҷавобгар аз зеристгоҳи “Д.”-35/10 кв. кормандони ӯро, ягон чораҳои бо қонун пешбинишударо накарда, танҳо соли 2024 бо ариза оид ба бартараф намудани монеагӣ ва баргардонидани зеристгоҳи барқи ба суд муроҷиат намуд, яъне бо гузашти бо қонун пешбинишудаи муҳлати даъво.

Аммо, чи тавре дар боло қайд гардид,бе назардошти ин ҳолатҳое муайян гардида,аз тарафи Раиси ноҳияи Ш. бо қарори худ аз санаи 20 октябри соли 2018 таҳти №856 китъаи замини зеристгоҳи “Д.”-35/10 кв. аз нав ба даъвогар ҶСП “ПШ” вобаста карда шуд.

Аз ин лиҳоз суд лозим донист бо қабули таъиноти хусусӣ диққатӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш. ва Прокурори ноҳияи Ш.-ро баҳри  муайян намудани қонунияти қарорҳои қабул кардаи Раиси ноҳияи Ш.-ро доир ба вобаста намудани қитъаи замини зеристгоҳи “Дахбед”-35/10 кв., бартараф намудани мухолифати ҷой дошта, ва пешгирии хатогиҳои ҷой дошта дар фаъолияти ҷудо ва вобаста кардани қитъаҳои замин, ҷалб намояд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва дастрасии моддаи 182,186 прим.1 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

Т а ъ и н    к а р д :

Таъиноти хусуси барои муҳокима ва андешидани чораҳои қонунӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш. ва ба Прокурори ноҳияи Ш. барои маълумот ва асоси санҷиш ирсол карда шавад.

Аз натиҷаи баррасии таъиноти хусусии судӣ дар муддати як моҳ ба Суди Олии иқтисодӣ ҷавоби хаттӣ пешниҳод карда шавад.

Таъинот мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.

Раисикунанда-
Судя                                                                                   Саид  С.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу