- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Истиқлолияти давлатӣ асоси пойдории давлат

“Истиқлолият”- Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожа ба ҷуз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигареро баён кардан ғайри имкон аст. Мусаллам аст, истиқлолият ва сулҳу ваҳдат неъмати бузург ба шумор рафта, дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд.

Сиву се сол қабл, 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон намуд, ки баъд аз он дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.

Яъне раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Дар чунин шароити ниҳоят вазнин дар ҳаëти тақдирсози мамлакат шахсе вориди арсаи амал шуд, ки нахустин паëмаш ба мардум ин буд. “Ман ба шумо сулҳ меоварам” Ӯ ҳамон сарвар аст, ҳамон сарваре, ки бо арзиши ҷони худ ба халқу миллати худ хизмат намуда ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Ӯ ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар кишвари ҷангзадаи мо сулҳ офарид ваҳдат офарид ва амну осоиштагиро дар мамлакат устувор гардонида, миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд ва пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Воқеан, Истиқлолият шараф ва номуси ҳар миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзише аст, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст. Қайд бояд намуд, ки дар партави ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, миллати тоҷик аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолиятро яке аз арзишҳои пурғановат донистаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи Истиқлолияти давлатиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб намоем.

Ҳарчанд даврони сахту мушкилзои миллати мо сипарӣ гардида бошад, ҳам, вале авзои сиёсии имрӯзаи ҷаҳон аз ҳар кадоми мо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро талаб мекунад.

Мо – шаҳрвандони ҷумҳуриро мебояд, боз ҳам ҳамчун миллати тому воҳид муттаҳид бошем, барои пояндагии Истиқлоли кишвар ва истеҳкоми Ваҳдати миллӣ, инчунин эъмори ҷомеаи комилан саодатманд камари ҳиммат бандем ва бо азму иродат дар масири иттиҳоду якдилӣ устувору собитқадам бимонем.

Дар интиҳо, ҳар яки Шуморо ҳамватанони иззатманду ватандӯст, ба муносибати фарорасии – Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба Тоҷикистони азиз пешрафт ва тараққиёти ҳарчи бештарро таманно дорам.

 Нозири сомона                                   Обидов Муҳаммадобид