Нақши истиқлолияти давлатӣ дар низоми судӣ
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик яке аз бузургтарин рӯйдоди таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи кӯҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ба касе пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ба бисёр дастовардҳои арзанда расидаем ва фаъолияти созанда дар ин самт рӯз аз рӯз вусъат гирифта истодааст.
Истиқлолият ин оғози давлатдории навини тоҷикон, марҳилаи бунёд намудану сохтани кишвар, ибтидоии инкишоф ва раванди ташаккули соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад, ки ҳар як шаҳрванди тоҷикро муваззаф менамояд, ки тавонии худро барои гулгулшукуфоии ватан сарфа намояд, аммо воқеъҳои гузашти таърих баёнгари он ҳастанд, ки дар миёни родмардони ватан буданд нафароне, ки агарчанде ин миллат ва ин давлат онҳоро тарбият намуда бошад ҳам, аммо муқобили давлат ва муқобил ба меҳани хеш баромада, хостгори раҳна кардани якпорчагии Тоҷикистонро доштанд, ки хушбахтона ирода ва азми қавӣ ва қувваи шикастнопазири мардуми тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон надод, ки онҳо ба мақсади ғаразноки худ расанд.
Қабул шудани истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароит муҳайё намуд то низоми сезинагии шохаи ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шуда, плюрализми сиёсӣ кафолат дода шавад. Эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона яке аз марҳилаҳои инкишофи низоми давлатдорӣ дар низоми байналмиллалӣ мебошад, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон карда шудааст.
Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ унвон карда шуд, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, маданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқатии меъёрҳои санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад ва танҳо суд метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазои ҷиноӣ таъин намояд. Инкишофи низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ ин марҳилаи рушди ин шохаи ҳокимиятро дарбар гирифта, аз қабули қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси Суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодиро дарбар мегирад. Суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда мувозинати шохаҳоро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин намуда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимиятии худро суистифода намояд. Дар раванди қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, боз низоми судии ҷумҳурӣ мукаммал гардида, имкон дод, то дар баровардани адолати судӣ аз ҷониби судяҳо дахлнопазирии судягӣ ба пуррагӣ таъмин карда шавад. Иваз шудани мӯҳлати ваколати судяҳо аз панҷ ба даҳ сол, бартараф намудани тобеиятӣ ба Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то низоми судӣ дар ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа инкишоф ёбад.
Давлат ба зиммаи судяҳо баровардани адолати судиро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф намудааст, ки ин масъулият онҳоро водор менамояд, то ҳангоми баррасии парвандаҳо баробарӣ ва меъёрҳои қонунро ба роҳбарӣ гирифта, қонуниятро дар сатҳи баробар байни иштирокчиёни мурофиаи судӣ новобаста аз миллат, нажод, забон ва эътиқоди динӣ таъмин намояд.
Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурии мо низоми мурофиаи судиро низ иваз намуд, ки акнун дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи давлатӣ мурофиаи судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарии тарафҳо амалӣ карда мешавад. Суд мақомоти давлатие мебошад, ки адолати судиро ба амал бароварда дар иҷрои фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат менамояд. Ҳеҷ як шахси мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқи мудохила намудан ба фаъолияти судиро надоранд.
Воқеан қабул шудани истиқлолияти давлатӣ барои рушд ва инкишофи низоми судии кишвар шароити мусоид фароҳам овард, ки дар баробари қонунҳо ҳамчунин барномаҳои давлатӣ оид ба рушди низоми судии кишвар қабул гардиданд, ки ҳамаи он заминаи рушд ва инкишофи низоми судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи байналмилалӣ пурра мутобиқ намудани мақомоти судиро зина ба зина таъмин менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон аз мардуми кишвар даъват ба амал оварда, қайд намуданд, ки: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Боварии комил дорам, ки ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори тамоми қишри ҷомеа мегардад, зеро иҷрои он қарз ва рисолати инсонии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Мудири бахши иттилоот
ва рақамикунонӣ Нусратуллоев С.А.
Напечатать страницу