Маърифати ҳуқуқӣ кафили зиндагии арзанда

Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи бунёди давлатӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд пеш гирифта шудааст, инсон, хуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад.

Ҳамзамон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни қонунҳо ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро таъмин, эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифз менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, ки ин нишони эҳтирому, эътимод ва боварӣ ба хуқуқшиносони кишвар маҳсуб меёбад ва чунин қайд карданд шаҳрванде, ки ҳуқуқи худро истифодаю, ҳимоя карда метавонад, инчунин уҳдадориҳои худро иҷро менамояд, маърифати баланди ҳуқуқӣ дорад.

Муҳимияти маърифати ҳуқуқӣ дар он аст, ки набудани саводнокии ҳуқуқӣ на танҳо ба ғайриимкон  гардидани ҳимояи ҳуқуқҳо таъсир мерасонад, балки боиси афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ мегардад ва муҳим будани ин масъала дар он ифода меёбад, ки риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моил нагардидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тафаккури баланди зеҳнӣ, дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон вобастагии калон дорад.

Бинобар муҳимияти масъалаи мазкур, муаллиф мавзӯи мазкурро аз нигоҳи назариявӣ, таърихӣ ва муқоисавӣ-ҳуқуқӣ таҳлил намудааст. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии маърифати ҳуқуқӣ гуфта бо мафҳум ва истилоҳоти дигари ба ин монанд, аз ҷумла бо мафҳумҳои «тарбияи ҳуқуқӣ», «фарҳанги ҳуқуқӣ», «шуури ҳуқуқӣ» ва «ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ» дар назар дошта шудааст. Таҳлили таърихӣ бошад, сухан дар бораи дарки маърифати ҳуқуқӣ ва иҷрову амалишавии санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар давраҳои гуногуни таърихӣ меравад.

Аксарияти аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд, ки ин аз паст будани дониши ҳуқуқӣ дарак медиҳад. Аз ин рӯ, талаботи замони муосир аст, ки бо мақсади бартараф намудани ин камбудии ҷомеа, яъне беаҳамиятиву норасоии дониши ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ адешида шаванд.

Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ муттаҳидӣ ва ҳамкории мутақобилаи ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ зарур аст. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуда буданд: “Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад. Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад”.

Ҳоло бо эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ як қатор вазифаҳо дар самти амалӣ гардидани он ба вуҷуд меояд. Вазифаҳое, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд анҷом дода шаванд, метавонанд чунин бошанд: тарғибу ташвиқи меъёрҳои қонун; ба чоп расондани маводи илмию таълимӣ ва оммавӣ; дар раванди фаъолияти корӣ сармашқи кори худ қарор додани талаботи меъёрии қонун; ташкили дастрасӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ; тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба қонун; доир намудани чорабиниҳои гуногун ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила низ оғоз гардад. Тибқи маълумоти оморӣ, қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Маҳз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидайнро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Бешубҳа, талаботи мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиаш равона гардидааст.

Муҳимияти маърифати ҳуқуқи дар он аст, ки набудани саводнокии ҳуқуқӣ на танҳо ба ғайриимкон  гардидани ҳимояи ҳуқуқҳо таъсир мерасонад, балки боиси афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ мегардад.

Мақсади соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудан ин баланд бардоштани маърифати хуқуқии аҳолӣ, мустаҳкам намудани институти инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун.

Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми аъзои ҷомеа мебошад. Бинобар ин, бояд ҳамаи мо дар ин самт бетараф набошем ва то қадри имкон тамоми дониш, малака, таҷриба, неру ва имкониятҳои худро барои иҷрои вазифаҳое, ки барои пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд, равона намоем.

Ҳолати мазкур тақозо менамояд, ки мо беш аз ҳар вақти дигар бо дарки масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ муносибат карда,  ҷиҳати боло бурдани фарҳанг, шуур ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳлона кор кунем.

Муовини якуми раис                               Абдуллозода З.Ф.

Напечатать страницу Напечатать страницу