Маҷлиси ҳафтаина

08 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам пеш аз ҳама ба масъалаи интизоми меҳнат  диққати ҷиддӣ зоҳир намуда қайд карданд, ки шахсоне ки ба кор сари вақт ҳозир намешаванд нисбаташон чораҳои дахлдор андешида шавад.

Раисикунанда иброз доштанд, ки тибқи рӯйхати пешниҳод намудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии Суди Олии иқтисодӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2024, санаи 9-уми июли соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Инчунин раисикунанда ба судяҳо ва ҳайати кормандон дастур доданд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва сомонаи Суди Олии иқтисодӣ ба чоп расонанд, маҷлисҳои сайёри судиро зиёда намуда бо сокинони маҳал доир ба риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, суҳбатҳо гузаронанд, дар воситаҳои ахбори омма фаъолона баромад намуда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ саҳми бевоситаи худро гузоранд.

Дар охир раисикунанда кормандони дасгоҳи судро доир ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро доир ба иҷрои дақиқи вазифаҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ҷалб намуд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу