Баргузории маҷлиси сайёри судӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва вохӯрӣ бо сокинон

3-юми июли соли 2024 дар ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Қадиҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав таҳти раисии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б., бо котибии Шарифзода Х. ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода М. вобаста ба аризаи даъвогӣ оиди баҳси замин ва муайян кардани саҳм, маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд.

Инчунин, баъд аз анҷоми маҷлиси сайёри судӣ судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б. ва ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ вобаста ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу