Иштироки намояндаи СОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Спитамен

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Спитамен чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода, намояндаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин иштирок намуданд.

Ин иқдом ҷиҳати гиромидошти арзишҳои миллӣ ва сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Намояндаи ҳукумати вилоят ба сокинон ва иштирокчиёни чорабинӣ номаи табрикотии Раиси вилояти Суғдро ироа намуда, таъкид намуд, ки ваҳдати миллӣ дастоварди нодири халқи тоҷик маҳсуб ёфта, олитарин неъмат маҳсуб меёбад.

Намояндаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин зикр намуд, ки дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон низ мебошад.

Темурҷон Нӯмонзода, Раиси ноҳияи Спитамен зимни суханронӣ таъкид намуд, ки санади таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, маҳз пайғоми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизор буд.

Гуфта шуд, ки Рӯзи ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад.

“Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид”- таъкид намуд Темурҷон Нӯмонзода.

Раиси ноҳия дар фарҷоми суханронӣ сокинони ноҳияро ба муносибати 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамватанон саодату саломатӣ ва барои Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдати ҷовидон орзу намуд.

Изҳори умед шуд, ки сокинони сарбаланди ноҳия минбаъд низ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷиҳати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузошта, баҳри пешрафти Тоҷикистон кӯшиш мекунанд.

Ба як қатор масъулин, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон, аз ҷумла муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ бо фармоиши Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии идона ҳусну мазмуни бештар эҳдо намуд.

манбаъ:https://www.facebook.com/profile.php?id=61556915157912

Напечатать страницу Напечатать страницу