ҲАЛНОМА
АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 апрели соли 2024
ш. Душанбе
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти раисии Аминзода З.Т.
бо котибии Наҷмудинзода О.Н.
дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ парвандаи иқтисодӣ аз рӯи аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҶДММ “ИИ”-и ноҳияи Ш. дар шахси роҳбари он ААА дар бораи рӯёнидани маблағи қарзи андозро бо иштироки тарафҳо баррасӣ намуда,-
МУАЙЯН КАРД:
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҶДММ “ИИ”-и ноҳияи Ш. дар шахси роҳбари он ААА дар бораи рӯёнидани маблағи қарзи андоз муроҷиат намуда, онро дар суд намоянда АМБ чунин асоснок намуд:
Санҷиши прокурорӣ муайян намудааст, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “ИИ”-и ноҳияи Ш аз тарафи ААА таъсис дода шуда, аз 04.07.2010 дар қайди Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Нозироти андоз дар ноҳияи Ш мебошад.
Ҷамъият дорои рақами мушаххаси андозсупоранда буда, ба хариду фуруши таҷҳизотҳо ва хизматрасониҳо машғул аст.
Мувофиқи санадҳои муқоисавии Нозироти андоз дар ноҳияи Ш. Ҷамъияти мазкур аз ҳисоби напардохтани андозҳо дар назди давлат ба маблағи 360 096 сомонӣ, ки аз он 309 950 маблағи қарзи асосӣ ва 50 147 фоизу ҷаримаҳо ташкил медиҳад, қарздор мебошад.
Директори ҶДММ “ИИ” ба даъвати чандинкаратаи Нозироти андоз оид ба пардохти қарзҳои андозӣ беэътиноӣ намуда, ба мақомот ҳозир нашудааст. Ҳарчанд дар баёноти худ ба унвонии Прокуратураи ноҳияи Ш. қарздории худро дар ҳаҷми 412 340 сомонӣ эътироф намудааст. То мурофиаи судӣ ин қарздорӣ тибқи санади муқоисавӣ ба ҳолати 29 апрели соли 2024, 360 096 сомониро ташкил медиҳад. Пурсид, ки даъво қонеъ карда шавад.
Намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.М.Н. ва Р.А.Ҳ. дар маҷлиси судӣ даъворо дастгирӣ намуда, аз суд қисман қонеъ намудани даъворо пурсиданд.
Намояндаи Нозироти андоз дар ноҳияи Ш. И.М.Т. низ дар маҷлиси судӣ даъворо дастгирӣ намуда, аз суд қисман қонеъ намудани даъворо пурсид.
Директори ҶДММ “ИИ”-и ноҳияи Ш. У.Ш.Ш. ба даъвати такрори суд ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуд ва суд ба хулоса омад, ки барраси намудани парванда дар ғоибии охирин имконпазир мебошад.
Аз баёноти ААА ба унвонии Прокурори ноҳияи Ш. бармеояд, ки охирин бо санади муқоисавӣ шинос шуда қарздори Ҷамъиятро ба маблағи 412 340 сомонӣ эътироф намуда, уҳдадор шудааст, ки онро пардохт намояд.
Далелҳои қабати парвандаро омӯхта, баёноти тарафҳоро шунида, суд чунин қайд менамояд.
Тибқи талаботи сархати 4 қисми 1, моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозсупоранда уҳдадор аст, ки уҳдадориҳои андозии худро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иҷро намояд.
Аз муқаррароти моддаҳои 119 қисми 4 ва 120 ҳамин Кодекс бармеояд, ки: “уҳдадории андозӣ уҳдадории андозсупоранда оид ба ҳисоб ва дар муҳлатҳои муқарранамудаи Кодекси мазкур пардохт намудани андозҳо ва боҷҳо мебошад.
Таъмини уҳдадории андозӣ нисбат ба ҳар намудаи андоз аз лаҳзаи ба миён омадани чунин уҳдадорӣ мутобиқи қонунгузории андоз ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
Андозсупоранда уҳдадории андозиро мустақилона иҷро менамояд, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.”
Мувофиқи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ҶДММ “ИИ” аз 04.06.2010 сол дар қайди давлатӣ мебошад.
Мувофиқи Санади муқоисавӣ барои давраҳои аз 01.01.2024 то 28.02.2024, қарзи андози ҶДММ “ИИ” 412 340 сомониро ташкил медиҳад.
Директори Ҷамъият бо санади муқоисавӣ шинос шуда, қарздории Ҷамъиятро эътироф намуда, уҳдадор шудааст, ки қарзи мазкурро пардохт намояд.
Аз санади муқоисавӣ барои давраҳои 01.01.2024 то 29.04.2024 сол маълум мегардад, Ҷамъият 52244 сомонӣ маблағи қарзи андозро пардохт намудааст, ки бо назардошти ин қарзи ҶДММ “ИИ” 360 096 сомониро ташкил намудааст, ки аз он 50147 сомонӣ фоизу ҷарима ва 309950 сомонӣ қарзи андозро ташкил медиҳад.
Бо назардошти ҳолати мазкур ва муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ба хулоса омад, ки даъворо қисман қонеъ намуда, аз ҳисоби ҶДММ “ИИ”-и ноҳияи Ш. ба фоидаи ситонанада 360 096 сомонӣ рӯёнида, талаботро дар қисми рӯёнидани маблағи 52 244 сомонӣ рад намояд.
Суд ҳамчунин масъалаи боҷи давлатиро ҳал намуд.
Бо дастрасии моддаҳои 109, 165-168, 174-175 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-
ҲАЛ КАРД:
Аризаи даъвогии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҶДММ “ИИ”-и ноҳияи Ш. дар шахси роҳбари он ААА дар бораи рӯёнидани маблағи қарзи андоз, қисман қонеъ карда шавад.
Аз ҳисоби ҶДММ “ИИ”-и ноҳияи Ш. дар шахсияти роҳбари он ААА ба фоидаи давлат-Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи қарзи андоз дар ҳаҷми 360096 сомонӣ ва боҷи давлатӣ 7201 сомонию 92 дирам, рӯёнида шавад.
Нисбат ба ҳалнома дар муҳлати як моҳ ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ овардан мумкин аст.
Муовини раис Аминзода З. Т.