22 июни соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинари мазкур роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии вилояти Хатлон ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.
Инчунин тибқи нақша машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ низ баргузор гардида, маърӯзачиҳо мувофиқи нақшаи мазкур баромад намуда, дар доираи ин мавзӯъҳо мубоҳисаҳо намуданд.





