Ҳалнома
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Душанбе
23 апрели соли 2024
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Рачабзода П.Ш., бо котибии Хушвахтов О.И. дар маҷлиси судӣ парвандаро бо аризаи даъвогии муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. дар бораи рӯёнидани қарзи андоз ба маблағи 250 237 сомонӣ,-
-бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-А.А., намояндагони шахси манфиатдор-Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон В.В. ва К.К. бо ваколатномаи №1\11.1 аз 5 апрели соли 2024 ва намояндаи ҶДММ “ННН”-и шаҳри В. С.С.С. бо фармони №7 аз 25 марти соли 2024 баррасӣ намуда,-
м у а й я н к а р д:
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти муовин бо аризаи даъвогии болозикр ба суди иқтисодӣ муроҷиат намуда, онро чунин асоснок кардааст, ки мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ҳолати иҷрои қонунгузории андозро дар фаъолияти андозсупорандагони шаҳри В. мавриди санҷиш қарор дода, муайян кардааст, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пардохти саривақтии маблағҳои андоз ба буҷети давлат ба таври дахлдор ба роҳ монда нашуда, Ҷамъият ба ҳолати 6 марти соли 2024 дар назди буҷети давлат ба маблағи 250 237 сомонӣ қарздор шудааст. Гарчанде Нозироти андози шаҳри В. ба роҳбарияти ҶДММ “ННН”-и шаҳри В. огоҳинома фиристонида, қарзи андозро талаб намуда бошад ҳам, вале роҳбарияти ҷамъияти мазкур барои пардохти андоз чораҳои дахлдор наандешида, маблағи муайянгардидаи андозро ба буҷети давлат напардохтааст.Қайд намудааст, ки уҳдадориҳо бояд ба таври дахлдор мутобиқи шартҳои уҳдадорӣ ва талаботи қонун иҷро карда шаванд.Мувофиқи санади муқоисавӣ байни Нозироти андози шаҳри В. ва ҶДММ “ННН” қарз аз андоз ба маблағи 250 237 сомонӣ аз ҷониби қарздор эътироф карда шудааст.
Бо асосҳои овардашуда аз суд хоҳиш намудааст, ки аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. ба манфиати давлат-Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи андоз ба маблағи 250 237 сомонӣ рӯёнида шавад.
Дар маҷлиси судӣ даъвогар-намояндаи Прокуратураи генералӣ-А.А. аризаи даъвогиро қисман дастгирӣ карда, илова намуд, ки дар ҷараёни баррасии парванда ҷавобгар маблағи қарзи андозро ба андозаи 153 990 сомонӣ ба фоидаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намудааст.Ба ҳолати имрӯза қарзи андозсупоранда аз рӯи даъвои пешниҳодгардида маблағи 96 247 сомониро ташкил медиҳад, ки он бояд пардохт карда шавад.
Бинобар ин, аз суд қисман қонеъ кардани талаботҳои даъвогиро пурсид.
Дар маҷлиси судӣ шахсони манфиатдор-намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон В.В. аризаи даъвогиро қисман дастгирӣ карда, баён намуд, ки мувофиқи санади муқоисавӣ, ки байни андозсупоранда ҶДММ “ННН”-и шаҳри В. ва Нозироти андози шаҳри В. тартиб дода шудааст, қарзи ҷавобгар ба ҳолати 6 марти соли 2023 маблағи 250 237 сомониро ташкил медиҳад, вале пас аз пешниҳоди аризаи даъвогар ҷавобгар ба Кумитаи андоз маблағи муайянеро пардохт намудааст.
Бинобар ин, аз суд қисман қонеъ кардани даъворо пурсид.
Намояндаи дигари Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон К.К. аризаи даъвогиро қисман дастгирӣ карда, илова намуд, ки аз ҷониби ҷавобгар маблағи қарзи андоз ба андозаи 153 990 сомонӣ пардохт карда шуда, ба ҳолати имрӯза аз маблағи пешниҳодгардида даъво 96 247 сомонӣ боқӣ мондааст, ки он бояд ба буҷаи давлат пардохт карда шавад.
Бо ваҷҳу асосҳои овардашуда аз суд қисман қонеъ намудани даъворо пурсид.
Дар маҷлиси судӣ ҷавобгар-роҳбари ҶДММ “ННН”-и шаҳри В. А.Ҳ. даъворо қисман эътироф карда, илова намуд, ки дар ҳақиқат корхона аз пардохти андоз қарздор буда, мувофиқи санади муқоисавӣ он маблағи 250 237 сомониро ташкил медиҳад. Вале, рузҳои 17 апрел маблағи 119 995 сомонӣ ва 22 апрели соли 2024 маблағи 33 995 сомонӣ аз ҷониби Ҷамъият пардохт карджа шудааст. Ҳоло қарзи андоз аз маблағи пешниҳодгардидаи даъво 96 247 сомонӣ боқӣ мондааст, ки онро низ Ҷамъият дар рӯзҳои наздик пардохт менамояд. Аз пардохтани қарзи андоз Ҷамъият саркашӣ намекунад, вале бинобар дар вазъияти вазнини молиявӣ-иқтисодӣ қарор гирифтани Корхона онро яклухт пардохт карда наметавонанд.барои бо пуррагӣ пардохт намудани маблағи қарзи андоз ба онҳо каме муҳлат лозим аст.
Бо асосҳои овардашуда, аз суд дар доираи талаботи қонун баррасӣ намудани даъворо пурсид.
Маводҳои парвандаро омӯхта таҳлил намуда, баёноти шахсони иштироккунандаи парвандаро дар маҷлиси судӣ шунида, суд бо асосҳои зерин қисман қонеъ намудани аризаи даъвогиро лозим донист.
Тибқи талаботи моддаи 9 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи андозӣ уҳдадоранд андозҳои тибқи Кодекси мазкур муқарраршударо пардохт намоянд ва меъёрҳои қонунгузории андозро риоя кунанд.
Тавре аз аз маводҳои парванда бармеояд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Нозироти андози дар шаҳри В. бо РМА 000000000 санаи 28 сентябри соли 2010 ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуда, фаъолияти он аз иҷрои корҳои техникӣ-электронӣ иборат мебошад.
Аз тарафи мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати қонунгузории андоз дар қисми пардохти андозҳо дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. мавриди санҷиш қарор дода шуда, муайян карда шудааст, ки Ҷамъияти мазкур талаботҳои Кодекси андозро оиди пардохти саривақтии маблағҳои андоз ба таври дахлдор ба роҳ намонда, дар натиҷа дар назди буҷаи давлат ба ҳолати 6 марти соли 2024 ба маблағи 250 237 сомонӣ карздор шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда уҳдадор аст уҳдадориҳои андозии худро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иҷро намояд.
Мутобиқи моддаи 119 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои андозӣ уҳдадории андозсупоранда оид ба ҳисоб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт намудани андоз ва боҷҳо мебошад.
Аз санади муқоисавии аз ҷониби шахси масъули Нозироти андоз дар шаҳри В. ва роҳбари ҶДММ “ННН”-и шаҳри В. бо имзо ва муҳр тасдиқ кардашуда дида мешавад, ки қарзи андози љавобгар дар давраҳои аз 1 январи соли 2024 то 6 марти соли 2024 маблағи 250 237 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 242 713 сомонӣ қарзи андоз ва 7524 сомонӣ фоизи он мебошад.
Инчунин, аз маводҳои парванда дида мешавад, ки қарздор-роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. С.С.С. қарзи андозро эътироф намуда, уҳдадорӣ гирифтааст, ки онро рӯзҳои наздик пардохт менамояд.
Гарчанде андозсупоранда бо санади муқоисавии дар қабати маводҳои парвандабуда маблағҳои андозро эътироф карда бошад ҳам, аммо уҳдадориҳояшро оид ба пардохти саривақтии андоз ба иљро нарасонидааст.
Мутобиқи сархати 14 қисми 1 моддаи 167 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти андоз ҳуқуқ дорад мутобиқи муқаррароти Кодекси андоз, аз ҷумла тавассути пешниҳоди даъвоҳо ба суд, аз андозсупорандагон, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшударо ситанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 48 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар ҳуқуқ дорад дар ҳама марҳилаҳои баррасии парванда даъворо пурра ё қисман эътироф кунад.
Қисми 5 моддаи 69 Кодекси мазкур муқаррар кардааст, ки ҳолатҳое, ки тарафҳо эътироф ва тасдиқ кардаанд, минбаъд дар ҷараёни пешбурди парванда дар мавриди аз ҷониби суди иқтисодӣ қабул кардани онҳо санҷида намешаванд.
Дар ҷараёни баррасии парванда аз ҷониби намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд маълумотнома оиди қарздории ҷавобгар ва супоришномаҳои пардохтӣ пешниҳод карда шуд.
Тибқи маълумотномаи Нозироти андоз дар шаҳри В. №188 аз 23 апрели соли 2024 ва супоришномаҳои пардохтӣ аз 17 ва 22 апрели соли 2024 ҶДММ “ННН”-и шаҳри В. аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо ва дигар пардохтҳо дар моҳи апрели соли 2024 ба маблағи 153 990 сомонӣ ба буҷети давлат пардохт кардааст.
Яъне, қарзи ҷавобгар дар назди буҷаи давлат ба ҳолати имруза маблағи 96 247 сомониро ташкил медихад, ки ин маблағро роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. ва Нозироти андоз дар шаҳри В. дар маҷлиси судӣ тасдиқ намуданд.
Бинобар ин, суд ба хулоса омад, ки даъворо қисман қонеъ намуда, аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. ба фоидаи ситонанда 96 247 сомонӣ рўёнида, талаботро дар қисми руёнидани маблағи 153 990 сомонӣ рад намояд.
Ҳамзамон, суд тибқи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи хароҷоти судиро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки боҷи давлатӣ аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи давлат аз қисми қонеъшудаи маблағи даъво ситонида шавад.
Бо дастрасии моддаҳои 165-168, 174, 196-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-
ҳ а л к а р д:
Аризаи даъвогии муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. дар бораи рӯёнидани қарзи андоз ба маблағи 250 237 сомонӣ қисман қонеъ карда шавад.
Аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ННН”-и шаҳри В. ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи қарзи андоз 96 247 сомонӣ (наваду шаш ҳазору дусаду чилу ҳафт) ва боҷи давлатӣ 1925 сомонӣ (як ҳазору нуҳсаду бисту панҷ) ба фоидаи буҷаи давлат рўёнида шавад.
Даъво дар қисми рўёнидани маблағи 153 990 (яксаду панҷою се ҳазору нуҳсаду навад) сомонӣ рад карда шавад.
Нисбат ба ҳалнома дар мӯҳлати як моҳ ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
Раисикунанда Раҷабзода П.Ш.