24 майи соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва фаҳмонидани зарурияти қонун дар бораи зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ дар интернати назди муассисаи № 22 деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ вохӯрии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода С.О. бо омӯзгорон, хонандагон ва тарбиятгирандагони интернати мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода С.О. дар назди ҳозирин доир ба мавзуҳои мубрам аз қабили: Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920; «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Напечатать страницу


