31 майи соли 2024 маросими тантанавии савгандёдкунии судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Нурлан Қидирҷонович тавассути конфронси видеоӣ баргузор гардид.
Султанов Н.К. судяи Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон буда, аз 23 апрели соли 2024 ба феҳристи судяҳои Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил карда шудааст.
Дар чорабинии тантанавӣ Раиси Суди иқтисодии ИДМ Плотников Андрей Владимирович, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Беларус Миколенко Татьяна Александровна, инчунин таввасути фосилавӣ муовини Раиси Суди иқтисодии ИДМ Саид Сӯҳроб (Ҷумҳурии Тоҷикистон) судяи Суди ИДМ Аминзода Зокирҷон Тоҳир (Ҷумҳурии Тоҷикистон), Давлатов Айбек Абубакирович (Ҷумҳурии Қирғизистон), Нагорная Эвелина Николаевна (Федератсияи Русия), Смаилов Аскар Спартакович (Ҷумҳурии Қазоқистон) иштирок намудаанд.
Напечатать страницу


