Санаи 6 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ва иштироки муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам пеш аз ҳама ба масъалаи иштироки фаъолонаи кормандони дастгоҳ дар дарсҳои забономӯзӣ, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 таҳти № 795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз ҷониби суд дарсҳои омӯзиши забони англисӣ бо ҷалби омузгорони забони англисӣ ба роҳ монда шудааст таъкид намуданд.
Сипас, вобаста дар муҳлатҳои муайянгардидаи қонунгузорӣ ва дар доираи салоҳият баррасӣ намудани парвандаҳо дар ҳамаи зинаҳои судӣ дастур дода шуд.
Дар анҷом оид ба омода намудани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ ва масъалаи иштироки судяҳо ва кормандон дар семинарҳо таъкид карда шуд.
