- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон

Бобати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандозӣ намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе бармеояд,   04 майи соли 2024 аз ҷониби муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода Азизбек дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ тибқи талаботи қисми 7 моддаи 20  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” бо мақсади ҳалли бевоситаи муроҷиатҳо ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, қабули сайёри шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.