15 марти соли 2024 дар Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маросими савгандёдкунии судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Белоруссия Миколенко Татьяна Александровна баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси Суди иқтисодии ИДМ Плотников Андрей Владимирович ва аз фосилавӣ Муовини раиси Суди иқтисодии ИДМ Саид Суҳроб (Ҷумҳурии Тоҷикистон) судяҳои Суди иқтисодии ИДМ: Аминзода Зокирҷон Тоҳир (Ҷумҳурии Тоҷикистон), Давлетов Айбек Абубакирович (Ҷумҳурии Қирғизистон), Эвелина Николаевна Нагорная (Федератсияи Россия) Смаилов Аскар Спартакович (Ҷумҳурии Казокистон), иштирок доштанд.
Дар маросим ҳамчунин муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Беларус, раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ Юрий Викторович Кобец ва сардори Раёсати ҳамкориҳои ҳуқуқӣ, Реестри ягона ва депозитарии ҳуҷҷатҳои Раёсати ҳуқуқ комитети иҷроияи ИДМ Астрейко Василий Викторович иштирок доштанд.

