Парвандаи №1-16/24
Т А Ъ И Н О Т
дар хусуси тасдиқи созиши оштии тарафҳо ва қатъ
кардани истеҳсолоти парванда
шаҳри Душанбе 09-уми январи соли 2024
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисику-нанда Одиназода Ҷ.Х., бо котибии Султонзода Ҷ.С., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парванда бо даъвои ҶДММ “Р”-и шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҶДММ “С”-и ноҳияи Нуробод ва Р.А.Ҳ. дар бораи рӯёнидани 751 160 сомонӣ маблағи қарз ва 15 025,20 сомонӣ боҷи давлатиро баррасӣ намуда,-
М У А Й Я Н К А Р Д:
ҶДММ “Р”-и шаҳри Хуҷанд бо даъвои зикршуда ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар ҶДММ “С.” ба фоидаи ҶДММ “Р” 751 160 сомонӣ маблағи қарз ва 15 025,20 сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шавад.
Маводи парвандаро омўхта, фикри тарафҳоро шунида, суди иқтисодӣ ба чунин хулоса омад.
Тибқи қисми 4 моддаи 48 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳо бо тартиби муқарраркардаи боби 15 Кодекси мазкур метавонанд баррасии парвандаро бо созиши оштӣ анҷом диҳанд.
Тибқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 137 Кодекси мазкур суди иқтисодӣ барои оштишавии тарафҳо тадбирҳо меандешад ва барои ба танзим даровардани баҳс ба онҳо мусоидат менамояд. Тарафҳо метавонанд созиши оштӣ баста ё дигар расмиятҳои оштишавиро истифода бурда, баҳсро ба танзим дароранд, агар он муқобили қонун набошад.
Тибқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 138 Кодекси мазкур созиши оштӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор намояд ва зидди қонун бошад. Суд бо таъиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад.
Тибқи банди 10 Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисо-дии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди марҳи-лаи якум” таҳти №2 аз 18 октябри соли 2013 суди иқтисодӣ бояд ҷиҳати оштишавии тарафҳо тадбирҳо андешида, барои ба танзим даровардани баҳс бо онҳо мусоидат намояд. Судҳо бояд ба инобат гиранд, ки созиши оштиро тарафҳо метавонанд дар ҳамаи марҳилаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ ё ҳангоми иҷрои санади судӣ анҷом диҳанд. Созиши оштӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор намояд ва мухолифи қонун бошад. Шартҳои созиши оштӣ бояд иҷрошаванда бошанд ва аз ҷониби суди иқтисодӣ тасдиқ карда шаванд.
Ҳангоми муҳокимаи судии парванда тарафҳо ба суд созиши оштӣ пешниҳод намуда, хоҳиш доранд, ки созиши оштӣ аз 9-уми январи соли 2024 тасдиқ карда шуда, истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад.
Суди иқтисодӣ муайян кард, ки созиши оштии ба суд пешниҳодкардаи тарафҳо ба талаботи моддаи 139 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон оид ба шакл ва мазмуни созиши оштӣ ҷавобгўй мебошад.
Созиши оштии басташудаи тарафҳо дар шакл ва мазмуни зерин барои тасдиқ пешниҳод карда шудааст.
- Ҷавобгар ҶДММ “С” ва ҷавобгари дуюм Р.А.Ҳ. қарздории худро дар назди ҶДММ “Р” оид ба пардохти 594 000 сомонӣ маблаѓи қарз эътироф мекунанд.
- Тарафҳо қарздории ҷавобгар ҶДММ “С” ва ҷавобгари дуюм Р.А.Ҳ.-ро дар назди ҶДММ “Р” ба маблаѓи 594 000 сомонӣ муайян мекунанд.
- Ҷавобгар ҶДММ “С” ва ҷавобгари дуюм Р.А.Ҳ. уҳдадор мешаванд, ки 594 000 сомонӣ маблаѓи қарз ва 15 025,20 сомонӣ боҷи давлатиро дар давоми се моҳ давра ба давра то 09-уми апрели соли 2024 ба ҶДММ “Р” пардохт мекунанд.
- Созиши оштиро онҳо бо хоҳишу иродаи худ ихтиёран бастаанд, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор намекунад.
- Дар ҳолати ихтиёран иҷро нагардидани шартҳои созиши оштӣ дар муҳлати муайяншуда, шартҳои созиши оштӣ маҷбурӣ ба иҷро расонида шавад.
- Аз суд хоҳиш доранд, ки созиши оштии бастаи байни онҳо аз тарафи суд тасдиқ карда шуда, истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад.
Суди иқтисодӣ созиши оштии тарафҳоро муҳокима намуда, фикри тарафҳоро шунида, тибқи сархати 5 моддаи 48 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки тасдиқи созиши оштии тарафҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор намекунад ва мухолифи қонун нест.
Тибқи қисми 2 моддаи 149 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди иқтисодӣ инчунин истеҳсолоти парвандаро дар ҳолати тасдиқ кардани созиши оштӣ қатъ менамояд.
Аз ин лиҳоз, маводи парвандаро омўхта, фикри тарафҳоро шунида, суди иқтисодӣ ба хулоса омад, ки созиши оштии басташудаи тарафҳо аз 9-уми январи соли 2024-ро бо тартиби пешниҳодшуда тасдиқ карда, истеҳсо-лоти парванда бо даъвои ҶДММ “Р” нисбат ба ҶДММ “С” ва Р.А.Ҳ. дар бораи рӯёнидани 751 160 сомонӣ маблағи қарз ва 15 025,20 сомонӣ боҷи давлатиро бинобар тасдиқи созиши оштии тарафҳо қатъ намуда, дар ин бора таъинот барорад.
Суди иқтисодӣ ба тарафҳо тибқи моддаи 150 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва оқибатҳои қатъи истеҳсолот аз рўи парвандаро фаҳмонида дод ва тарафҳо дар забонхат имзо гузоштанд.
Суди иқтисодӣ масъалаи рўёнидани боҷи давлатиро муҳокима намуда, муайян кард, ки дар созиши оштии тарафҳо шарти тақсими боҷи давлатӣ пешбинӣ карда шудааст.
Бо дастрасии моддаҳои 137, 149, 182, 183 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодӣ,-
ТАЪИН КАРД:
Созиши оштии басташудаи даъвогар-Директори ҶДММ “Р”-и шаҳри Хуҷанд Н.Р.П., ҷавобгар-Директори ҶДММ “С”-и ноҳияи Нуробод Р.Н.А. ва ҷавобгари дуюм Р.А.Ҳ. аз 9-уми январи соли 2024 бо тартиби пешниҳодшудаи зерин тасдиқ карда шавад:
- Ҷавобгар ҶДММ “С”-и ноҳияи Нуробод ва ҷавобгари дуюм Р.А.Ҳ. қарздории худро дар назди ҶДММ “Р”-и шаҳри Хуҷанд оид ба пардохти 594 000 сомонӣ маблаѓи қарз эътироф мекунанд.
- Тарафҳо қарздории ҷавобгар ҶДММ “С”-и ноҳияи Нуробод ва ҷавобгари дуюм Р.А.Ҳ.-ро дар назди ҶДММ “Р”-и шаҳри Хуҷанд ба маблаѓи 594 000 сомонӣ муайян мекунанд.
- Ҷавобгар ҶДММ “С”-и ноҳияи Нуробод ва ҷавобгари дуюм Р.А.Ҳ. уҳдадор мешаванд, ки 594 000 сомонӣ маблаѓи қарз ва 15 025,20 сомонӣ боҷи давлатиро дар давоми се моҳ давра ба давра то 09-уми апрели соли 2024 ба ҶДММ “Р”-и шаҳри Хуҷанд пардохт мекунанд.
Дар ҳолати ихтиёран иҷро нагардидани шартҳои созиши оштӣ дар муҳлати муайяншуда, шартҳои созиши оштӣ ба таври маҷбурӣ ба иҷро расонида шавад.
Истеҳсолот аз рўи парванда бо даъвои ҶДММ “Р”-и шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҶДММ “С”-и ноҳияи Нуробод ва Р.А.Ҳ. дар бораи рӯёнидани 751 160 сомонӣ маблағи қарз ва 15 025,20 сомонӣ боҷи давлатӣ қатъ карда шавад.
Муроҷиати такрорӣ ба суди иқтисодӣ оид ба баҳси ҳамин шахсон, дар бораи ҳамин предмет ва бо ҳамин асосҳо имконнопазир мебошад.
Аз рўи таъинот дар муҳлати як моҳ баъд аз рўзи баровардани таъинот ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
Раисикунанда,
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷ.Х.
Напечатать страницу