Санаи 7 марти соли 2024
дар Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии зан-модар бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандон ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз намуда бо як ҷаҳон нияту орзу ва меҳрубонию самимияти пок ҷашни фархундаи Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба занону модарон саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.
Қайд гардид, ки зан — модар олиҳаи ҳусну малоҳат, офарандаи оламу одам, мураббии башарият ва бақову манзалати ҳар хонадон аст.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон, зиёд гардид. Занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Нақш ва мавқеи зан дар таҳкими адолати судӣ дар баробари мардон хеле муҳим мебошад, зеро вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Дар анҷом аз ҷониби Раиси суди Олии иқтисоди Мирзозода Рустам як қатор занону бонувони суд барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар таъмини адолати судӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи Модар, бо Ифтихорномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳо қадрдони гардиданд..
Напечатать страницу






