Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.
Модар бузургу беҳамтост. Ҳеҷ гоҳ тобу тоқати дидани шикасти фарзандро надорад. Агар ба пойи фарзанд хоре халад, дили ӯ реш мегардад. Модар барои фарзандон – умед, барои падарон – такягоҳ, барои хонадон чароғи мунавварест. Чароғе, ки дар маҷмӯъ сӯхта-сӯхта оламро равшан менамояд ва тамоми ҳастӣ аз он истифода мебарад. Ҳангоме, ки фарзанд аз кореву чизе ноумед мегардад, модар бовариву устувориро дар дили ӯ ҷой медиҳад.
Аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо, хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд.
Бузургии зан – модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия менамоянд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар вобаста аст.
“Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату адолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”,- қайд намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан ҳам, зан дар ҷомеа нақши басо бузург дошта, тарбиятгари башарият мебошад. Зан пояи мустаҳкамии ҳар як оила ва давлат аст. Дар тарбияи фарзандон ҳам падар ва ҳам модар бояд саҳм дошта бошанд. Аммо агар зан босаводу хушахлоқ бошад, ояндаи фарзандон равшантар хоҳад буд. Мутафаккире гуфтааст: “Вақте, ки мардро тарбия мекунем, фардро тарбия мекунем, аммо вақте занро тарбия мекунем, миллатро тарбия мекунем”. Модари босавод фарзанди босавод тарбия мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!!!