Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 31-солаги таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 феврали соли 2024 дар Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони судҳои иқтсиодӣ бахшида ба 31-солаги таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гурдид.

Ҷамъомадро муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир оғоз намуда ҳамагонро бахшида ба ин ҷашн муборакбод намуданд.

Қайд гардид, ки  23 феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Санаи 23 феврали соли 1993 дар солномаи Ватани азизи соҳибистиқлоламон ҳамчун рўзи фаромўшнашаванда сабт шудааст. Зеро ҳамон рўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ созмон дода шуд.

Дар идома муовини Раиси Суди Олии иқтисоди Хайриддинзода Азизбек  доир ба нақш ва ташаббусҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таъсиси артиши миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷамъомад судяи Суди Олии иқтисоди Саид Суҳроб, сардори Раёсати судҳо Асрорзода Зуҳуриддин ва сардори раёсати коргузорӣ ва назорат Ҳусейнзода Фируза бароманд намуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу