- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК НАСИМИ ТОЗАЕ ДАР ФАЗОИ СИЁСИИ КИШВАР – Абдураҳимзода Шамсиддин, Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсуси СОИ ҶТ

Ҳамасола дар доираи салоҳиятҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат Паём ироа менамояд, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои давраҳои оянда ба ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муқаррар карда мешавад. Дар шароити мураккаби ҷаҳонии муосир ва тақсимоти ҷаҳон байни абарқудратҳо рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар кори саҳлу осон набуда, барои мардуми шарифи Тоҷикистон хурду бузурги мамлакат боиси ифтихор ва сарбаландист.

Паёмҳои Роҳбари давлат ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз оид ба дурнамо ва раҳнамои мушаххаси созандагиҳои Ватан ва қадамҳои устувор барои иҷрои нақшаҳои бузурги давлатдорӣ буда, мардуми шарифи тоҷикро ба шукуфоӣ ва ободонии бештару бештари Ватан раҳнамоӣ месозад.

Пешвои муаззами миллат зимини ироаи Паём ба масъалаи таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат таваҷҷуҳ намуда, онро ба унвони воқеияти умдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ матраҳ кардаанд. Сарвари давлат дар Паём аз нигоҳи илмӣ ба таври дақиқ ва асоснок, мақсаду маром ва тарзи амалгардонии нақшаҳои корӣ ниҳодҳои давлатиро ба миён гузоштаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, шароити амалӣ кардани онҳоро аз лиҳози мантиқӣ ба истинод ба усул ва роҳу корҳои таҷрибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории мақроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Боиси сарфарозист ва қаноатмандӣ, ки роҳ ва василаҳои таъмини рушди рӯзафзуни кишвар баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ, бидуни шакҳу шубҳа маҳсули хиради ояндабинии Пешвои муаззами миллат мебошад.

Қайд намудан бамаврид аст, ки истиқлоли давлатӣ танҳо ба қабул эъломҳои соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ расмӣ баанҷом намерасад. Барои пойдории истиқлолият ва ташкилии давлатӣ мустақил, ки тавонадба ҷомеаи ҷаҳонӣ халқро ҳамчун иттиҳодияи устувори сиёсӣ бофарҳангу унсурҳои миллат муаррифӣ кунед, ҳаққи таърихи ва замонавии ӯро ҷиҳати мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқии эътироф намоед, қабл аз ҳама халқ орзуву амалеро бояд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳадаф ва дастурамалии зиндагии дуруст муаррифӣ намояд ва барои расидан ба ин ҳадафҳо пайваста мубориз ва омода бошад. Ҳамчунин зарур аст барои шаклгирии истиқлоли давлатӣ корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангиеро бояд баанҷом расонид, ки онҳо таҳкимбахши иттиҳоди устувори сиёсӣ ва истиқлолияти он бошанд. Истиқлолияти давлатӣ зинаи охирини соҳибихтиёрӣ, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналмиллалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад. Аз ин лиҳоз метавон хулоса намуд, ки яке аз рукнҳои амалии давлат Паёми Президент ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад.

Ба боварии том метавон гуфт, ки хулосаи мазкур ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Нуқтаи назари дигаре, ки мехоҳем ба он таваҷҷуҳ бештар ҷалб шавад, ин фикрронӣ дар бобати Паёми Президент ба парлумони ҷумҳурӣ мебошад. Зарур ва ногузир аст, ки гуфтугузориҳои илмӣ нисбати ин ҳуҷҷатӣ сарнавиштсоз бояд ҳамаҷониба омода гардида онҳое назарашонро баён намоянд, ки ба дарки масъала сарфаҳм рафтанду шахсияташон дар ташаккули афгори ҷомеа амиқ аст.

Воқифияти Паём ва мазмуну муҳтавои бениҳоят баланди он дар навбати аввал аз дарки амиқи набзи ҷомеа, самимияти беандоза ба мардум, азми қавӣ, нияти нек, масъалагузории саривақтӣ, таҳлил, ояндабинӣ, роҳнамоӣ, ошкори камбудиҳо муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маншаъ гирифтааст.  Минбаъд ин ҳуҷҷати муҳим барои тамоми мардуми кишвар сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он қишри ҷомеа, сармашқи кор ва дастури роҳнамоикунанда ба шумор меравад. Инчунин Паём шабеҳиоинаест, ки мо метавонем пешравиву дастовардҳои кишварамро дар он мушоҳида ва онҳоро ба нишондиҳандаҳои пешин муқоиса намоем, зеро танҳо дар заминаи муқоиса мо боварӣ ҳосил менамоем, ки ин ҳуҷҷати муҳим то чӣ андоза дорои маънавиёти баланд аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии муайянкунандаи рушд мебошад, ки нисбат соли гузашта 83% зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расид. Аз он ифтихор дорем, ки ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, камбизоатӣ аз 83% соли 1999 то 62% дар соли 2023 паст гардидааст.