“Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст”
Эмомалӣ Раҳмон
Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар давлати ҳуқуқбунёд
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024, Соли Маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд.
Ҳадафи эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ин пеш аз ҳама арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сазовор таҷлил гардидани 30-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию инсонии шаҳрвандон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, паст кардани сатҳи қонуншиканӣ ва ба танзим даровардани ҳамагуна муносибатҳои ҷамъиятӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқии аҳолӣ, риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ барои ташаккули шуури ҳуқуқию инсонӣ, пайваста корҳои тарғиботиро ба роҳ монда дар ташкилотҳо, муассисаю корхонаҳо ва аҳолии кишвар вохурию суҳбатҳо гузаронида, шаҳрвандонро аз моҳият, мазмун ва аҳамияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бохабар намуда, диққати онҳоро барои риоя ва арҷгузорӣ ҷалб менамоянд.
Илова ба ин, тибқи Нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2024, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва дар ин замина таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)”, “Дар бораи сармоягузорӣ” ва риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавон аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳамкорӣ бо матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷиҳати инъикоси мурофиаҳои судии хусусияти талимидошта ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва дигар барномаю стратегияҳои давлатӣ, кормандони суд вазифадор карда шудаанд.
Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Мавҷудияти низоми мустақили қонунгузорӣ, рушди доимии соҳаҳои ҳаёти кишварро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ибораи “давлати ҳуқуқбунёд” маънои онро дорад, ки давлат дар пояи ҳуқуқ ва волоияти он барпо мешавад. Таҳкурсии давлати ҳуқуқбунёдро ҳуқуқ ташкил мекунад. Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамагуна муносибатҳо дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда мешавад. Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд. Чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ аз маданият ва нерӯи ақлонию илмии шахс бармеояд.
Ҳамчунин, эҳтирому риояи қонуну ҳуқуқро қисми 1 моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Таҳлили мухтасари меъёри мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки донистани қонун ва ҳуқуқ танҳо вазифаи коршиносони соҳаи ҳуқуқ набуда, балки қарзи шаҳрвандоне мебошад, ки дар давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрванди умр ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, нафақат ҳуқуқшиносон ва мақомотҳои ваколатдори давлатӣ, балки тамоми аҳолии кишвар барои дар амал татбиқ гаштани меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд саҳмгузор бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон, чунин ибрози андеша намудаанд, ки «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Ҳуқуқшиноси римӣ Ситсерон чунин ақида дорад, ки “Халқ на ҳама гуна иттиҳоди одамони ҷамъшуда, балки иттиҳоди одамони зиёд аст, ки бо ҳамдигар роҷеъ ба масъалаҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои умумӣ пайвастагӣ доранд”.
Оид ба нақши маърифати ҳуқуқии инсон дар ҷомеа файласуфи Юнони қадим Арасту чинин менависад, “Инсоне, ки агар бидуни қонун ва адолат зиндагӣ кунад, хатарноктарин ҷонвар аст”. Мавҷудияти давлатеро, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ дошта, манфиати ҳар як инсон аз ҳамагуна манфиатҳо боло бошад, бе доштани қонунҳое, ки принсипи гуманизм дар он мавқеи марказӣ дорад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яъне, фарқияти инсон аз дигар мавҷудот дар донистан, риоя намудан ва эҳтиром гузоштан ба қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои дигарон мебошад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки маърифати ҳуқуқӣ доштани шаҳрвандон пеш аз ҳама кафили хушбахтии ҳар як инсон буда, барои пойдории давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, нақши беандоза дорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки давлати соҳибистиқлоли мо аз нигоҳи таърихӣ ҳамагӣ 32 сол умр дорад, дар миқёси ҷаҳон яке аз ташаббускорони асосӣ оид ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Дар соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амнтарини ҷаҳон эътироф гардид, ки ин шаҳодат аз доштани маърифати баланди ҳуқуқию инсонӣ ва давлати комилан ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон дарак медиҳад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ доранд.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҳамаи мо имрӯз вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем, зеро давлате, ки муттаҳиду сарҷамъ ва бомаърифат аст ягон мушкилӣ онро пароканда карда наметавонад.
Бинобар ин, аз хурд то бузурги халқи тоҷик ин дастури Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода бо тамоми нерӯи доштаамон дар якҷоягӣ баҳри пешрафти давлати азизамон саъю талош намоем.