Бо арзи эҳтиром ва ифтихору садоқатмандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарки масъулият иброз менамоем, ки маҳз тавассути иқдомҳои пайгиронаи Роҳбарияти олии мамлакат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа пайваста тағйиротҳои назарраси мусбӣ сурат гирифта, мардуми тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав устуворона қадам мениҳад.
Соли сипаришуда мардуми сарбаланди куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир ва таъсири омилҳои манфии он дар минтақа бо роҳбарии бевоситаи Пешвои маҳбуби халқ аҳлона, содиқона ва якҷоя фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо сохта, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Қобили зикр аст, ки фарҳанг ифодагари руҳи миллат, хотираи таърихии халқ, инчунин таҳкимбахши пояи маънавиёт ва рукни давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дорои арзиши беназиру ниҳоят бузург аст.
Соли 2023 бо рӯйдодҳои дигари хотирмони худ дар саҳифаҳои таърихи навини давлати соҳибистиқлоли тоҷик нақши махсуси худро мемонад. Зеро маҳз бо самимияту садоқат ва қатъияту устувории Пешвои миллат арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ гардида, танҳо дар соли равон дар идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси дар ҷомеаи башарӣ эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик гардид.
Бояд тазаккур дод, ки аз рӯи муқаррароти қисми 3 моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Президенти мамлакат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати мукаммали сиёсии илмӣ ва амалии фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётан муҳими кишвар дар роҳи расидан ба арзишҳои волои инсониву миллии соҳибистиқлолии давлатамон арзёбӣ кардан мумкин аст. Зеро боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва расидан ба зиндагии шоиста меҳвари усулии Паёмро ташкил дод.
Да баробари ин, Пешвои миллат зикр карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат, фаъолияти меҳварии ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати таъмини волоияти қонун мебошад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Дар робита ба ин, даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Барнома қабул ва татбиқ гардида, барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025 тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.
Фаъолияти босамари рукнҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо дар ин самт боис гардид, ки сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо тамоюли пастшавӣ дорад.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ низ барои татбиқи Барнома ва амалишавии Нақшаи чорабиниҳои зикршуда саҳмгузор буда, соли 2023 барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ, ҷамъ 1 426 маротиба баромадҳо карда, дар рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳо 469 мақолаҳои илмиву оммавӣ чоп кардаанд.
Ҳамчунин 4 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони марказию маҳаллӣ дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шуда, дар барномаи маърифати “Ҳуқуқи Шумо”-и телевизиони Ҷаҳоннамо, ки ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе доир ва манзури бинандагон мегардад, 28 маротиба баромад карда шудааст, ки барои таълиму тарбияи дурусти шаҳрвандон, то андозае пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат дар паёми навбатии худ дастур доданд, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳои хизматӣ барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, доир ба таъмини волоияти қонун, риоя, эҳтиром ва ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, тартибу интизом ва ба ин васила ба амалбарории адолати судӣ сафарбар намоянд.
Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №668 аз 30 декабри соли 2023, қабул гардид, ки мувофиқи он Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Ҳамчунин тибқи банди 2 фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Дар ҷомеае, ки маърифати ҳуқуқиаш паст аст, қонун риоя намегардад, эҳтироми ҳуқуқи якдигар ба ҷо намеояд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ғайриимкон буда, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлат ба таври дахлдор рушд намекунад.
Қабули фармони болозикри Президенти мамлкат саривақтӣ ва ба манфиати миллату давлат буда, идомаи мантиқиии тадбирҳои андешидаи Роҳбарияти олии мамлкат бобати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабул гардидани қонунҳои ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба ватан, миллат ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои фармони зикршуда анҷом додани тадбирҳои зарурӣ оид ба арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро, эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ зарур мебошад, ки доир ба таъмини он Нақша чорабиниҳои дахлдор таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ элон шудани соли 2024, ба тамоми кормандони рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.
Зеро маърифати ҳуқуқӣ-маҷмӯи қоидаҳои умумии маданият, ҷаҳонбинӣ, дониш, рафтор ва муносибати ҳуқуқӣ, гуфтор, пиндор, муносибат ва дигар арзишҳои инсонии шахс бобати дар амал дӯст доштани ватан, миллат ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, риояи меъёру принсипҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо, эътирофу эҳтироми ҳуқуқи шахси дигар ва халалдор накардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони сеюм, худдорӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо, мусоидат барои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин бо ин васила таъмини зиндагии шоиста барои худ ва дигарон мебошад.
Аз ин мафҳум бармеояд, ки маърифати ҳуқуқӣ аз чунин унсурҳо иборат мебошанд:
– маданияти ҳуқуқӣ;
– ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ;
– дониши ҳуқуқӣ;
– рафтори ҳуқуқӣ;
– гуфтори ҳуқуқӣ;
– пиндори ҳуқуқӣ.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахс боиси ба даст омадани дастовардҳо ба манфиати давлат, миллат ва ҷомеа мегардад:
- риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ҳимояи манфиати давлат, корхона, муассиса ва ташкилот;
– таъмини волоияти қонун;
– пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо;
– коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла террорризм, экстремизм, ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, андоз, гумрук ва дигар зуҳуроти номатлуб;
– ғани гардидани буҷети давлатӣ;
– беҳтар гардидани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои халқ;
– амалишавии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати мамлакат;
– беҳтар шудани шароити иҷтимоии аҳолӣ;
– таъмини адолати судӣ;
– боло рафтани сатҳи эътимоднокии мардум ба сохторҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор;
Мавҷуд набудани унусрҳои таркибии маърифати ҳуқуқии шахс боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои манфӣ мегардад. Аз ҷумла:
- вайроншавии оила:
- зӯровари дар оила;
- хурофотпарастӣ (экстремизм);
- халалдор гардидани манфиати шахсият, ҷамъият ва давлат;
- гаравидани ҷавонон ва шахсони дигар ба гуруҳҳои ифротӣ;
- мусоидат ба ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла хусусияти коррупсионидошта;
- таъмини нагардидани адолати судӣ;
- вайрон гардидани адолати иҷтимоӣ;
Вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва унсурҳои он андешидани тадбирҳо ва гузаронидани чорабиниҳои зерин мувофиқи мақсад, ба манфиати давлату миллат ва ҷомеа мебошад:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва қабул карда шавад.
– ҳар як оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад;
– ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйиру иловаҳои охирон бо усули техонологияи муосир ва талаботи рақамикунонии ҷомеа, инчунин фаҳмонидани роҳу усулҳои дастрасӣ ва истифода аз он ройгон роҳандозӣ карда шавад;
– тарғибу ташвиқ бобати содда ва оммафаҳм фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда бо ҷалби олимони соҳа ва шахсони салоҳиятдор ҷоннок карда шавад;
– байни аҳолӣ, ки таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси касбии ҳуқуқӣ надоранд, озмуни беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои оила, меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шавад;
– барои баланд бардоштани оддитарин донишҳои ҳуқуқӣ омӯзиши семинарӣ ва тренингҳо баргузор карда шавад.
Дар амалӣ гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ фаъолона иштирок намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ баромадҳо карда, дар рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ чоп менамоем.
Напечатать страницу