Маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 январи соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 07 апрели соли 2022, эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 19 октябри соли 2022 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 01 декабри соли 2022, эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таъиноти суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 4 октябри соли 2022 дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 19 октябри соли 2020, эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2023 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, шикояти назоратии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Маҳмудиён” дар шахсияти директори ҷамъият Мусоев М.З., аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 05 майи соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд

Напечатать страницу Напечатать страницу