Паёми Президенти кишвар ба мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои стратегии давлатие мебошад, ки ҳар сол бо шукуҳу шабоҳати хос ироа мегардад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, зимни он Роҳбари давлат соли 2024-ро ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд. Соли мазкур ба он хотир эълон карда шуд, ки соли 2024 аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Воқеан, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазоӣ иттилоотии ҷумхурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад. Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.
Зикр намудан, ба маврид аст, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шахрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати хуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, мехнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносӣ касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои хуқуқшинос, баланд намудани сатҳи донишомӯзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар назар доштани дурнамои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дороӣ донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, тахдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар роҳандозии ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани маҳзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, иттилогардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, иттилои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд дар ҷомеа комилан озод бехатар эҳсос намояд.
Дар хулоса ҳаминро қайд карданиам, ки Паёми Пешвои миллат яке аз барномаҳои муҳими давлатӣ мебошад, ки тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро дар худ таҷассум намудааст. Амалӣ шудани ҳадафҳо дар он зикргардида омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошад ва аз ҳар яки мову Шумо сокинони толеъбаланди Тоҷикистон вобастагии ногусастанӣ дорад.
Сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Вализода Ф.